Гузаргоҳи сарҳадии «Панҷи Поён» барои ҳаракати нақлиёт кушода шуд
Душанбе, 05.10.2015. (АМИТ «Ховар»). — Гузаргоҳи сарҳадии «Панҷи Поён» -и байни Тоҷикистону Афғонистон рӯзи дуввум аст, ки барои ҳаракати нақлиёт кушода шудааст.
Тавре ки котиби матбуотии қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ Муҳаммад Улуғхоҷаев хабар дод, сарҳад аз сабаби ҳодисаҳои дар шаҳри Қундузи Афғонистон рухдода баста буд.
Гузаргоҳи сарҳадӣ на танҳо аз ҷониби Тоҷикистон, балки аз ҷониби Афғонистон низ баста буд.
Хотиррасон мекунем, ки Қундуз аз сарҳади Тоҷикистон дар масоҳати 70 километр дуртар воқеъ мебошад. Ба наздикӣ дар он ҷо дар байни қувваҳои амниятии ҳукумати ҶИА ва аъзои гурӯҳи террористии «Толибон» муборизаҳои шадид сурат гирифтанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






