Хабари ҳарбиёни Ироқ дар бораи пайдо шудани ҷасади 365 ҷангиёни «ДИ»

Октябрь 22, 2015 04:32

Душанбе, 22.10.15. (АМИТ «Ховар»).  Назар  ба  иттилои The Straits Times,  намояндагони  қувваҳои  мусаллаҳи  Ироқ  дар  бораи  пайдо  шудани  19  қабри  шаҳидон  дар  шаҳри Байҷии шимоли  кишвар ахборот  доданд. Дар  ин  ҷо  ҷасади 365  силоҳбадаст  ба  хок  супурда шудааст.
Қисми  асосии  ҷасадҳо аз қабри  шаҳидон  пайдо гардида, аз ҳолати ба  хок  супурда шудани  ҷангиён  хабар  дода  намешавад.
19  октябр  ҳарбиёни  Ироқ   шаҳри Байҷиро, ки   таҳти назорати  террористон  қарор  дошт,  озод  намуданд. Муҳорибаҳо  барои  озод  намудани  ин  шаҳр  14  октябр  оғоз  ёфта буданд.Шаҳри  Байҷӣ  дар 150  километрии  Мосул воқеъ  аст, ки  онро  террористон   моҳи  июни  соли  2014  ишғол  карда буданд.
Хабар  дода шуда буд, ки  дар  рӯзи  аввали  муҳориба  барои  ишғол  намудани  шаҳр  яке  аз  роҳбарони  «Давлати исломӣ»  Абу  Салмон ал  Аскари  кушта  шуд.  Назар  ба  маълумоти  низомиёни  Ироқ,  дар  ҷараёни  муҳорибаҳо баъзе  террористони  «Давлати  исломӣ»   аз истеҳкомҳояшон  ақибнишинӣ  карда,  онҳоро худи ҳамсафонашон  нест  намуданд.

Октябрь 22, 2015 04:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад