Хати нави интиқоли барқи Қайроққум-Ашт дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ифтитоҳ ёфт
Душанбе, 19.10. 2015 (АМИТ «Ховар»).-Нимаи дуюми рӯзи 19-уми октябр сафари кории Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров идома ёфт.
Дар оғози боздид аз ин ноҳия бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеъи Сомғори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хатти нави интиқоли барқи “Қайроққум-Ашт” мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Сохтмони хатти интиқоли барқи 220 кВ Қайроққум-Ашт аз тарафи Бонки осиёии рушд маблағгузорӣ шудааст.
Фармоишгари лоиҳа «Маркази иҷрои лоиҳаҳои бахши электроэнергетикаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Ширкати Саҳҳомии Холдингии Кушодаи Барқи Тоҷик мебошанд. Пудратчӣ ширкати «Калпатару»-и Ҳиндустон аст.
Лоиҳа корҳои сохтмони хатти интиқоли барқи 220 кВ «Қайроққум-Ашт», навсозии зеристгоҳи «Қайроққум» ва зеристгоҳи барқии 220/110/10 кВ «Ашт»-ро дар бар гирифта, маблағи умумии он баробар ба 11, 2 миллион доллари амрикоӣ мебошад.
Масофаи умумии хатти нави интиқоли барқи Қайроққум-Ашт 74,3 километр буда, бо насби 181 сутунпоя он ноҳияи Аштро бевосита ба ҳалқаи ягонаи энергетикии мамлакат пайваст мекунад.
Мавриди зикр аст, ки хатти нави интиқоли барқи “Қайроққум-Ашт” аз неругоҳи Барқи обии шаҳри Қайроққум тавасути 181 сутунпоя интиқол ёфта, ба сокинони ноҳияи Ашт хизмат мерасонад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бунёди хати нави интиқоли барқро ба сокинон ва ҳозирин муборакбод гуфта, ба бинокорон барои иҷрои ин кори муҳим баҳои баланд дод.
Президенти мамлакат иброз дошт, ки давлату ҳукумат тамоми чораҳоро амалӣ менамояд, то ин ки масъалаи камбуди барқ пурра аз байн бардошта шавад.
Ба андешаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон он рӯз дур нест, ки бо татбиқи лоиҳаҳои хурду бузурги гидроэнергетикӣ Тоҷикистон ба истиқлолияти комили энергетикӣ расад.
Президенти мамлакат мардумро ба истифодаи оқилонаи нерӯи барқ ҳидоят намуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






