Хуҷанд: насби технологияи нав дар коргоҳи “Ҷавонӣ”
Хуҷанд, 29.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Корхонаи ЧДММ «Ҷавонӣ» аз корхонаҳои саноатии пуриқтидори шаҳри Хуҷанд ба ҳисоб рафта, дар баробари фаъолияти мунтазам, бо насби воситаҳои техникии истеҳсолӣ низ сифати маҳсулоти худро боло мебардорад.
Чанд рӯз аст, ки дар сехи рангубордиҳии корхонаи мазкур хатти нави технологии рангдиҳии худкори ширкати итолёвии «ОМИ» мавриди истифода қарор дорад, ки он барои афзун гаштани ҳаҷми истеҳсолот мусоидат менамояд.
Хатти технологии нав аз ҷониби коргоҳ ба маблағи 500 ҳазор доллари амрикоӣ харид гашта, иқтидори он ба рангдиҳии 5 ҳазор дона шим дар як шабонарӯз расида, ҳамзамон аз тариқи ин таҷҳизот барои зебу тобиш додани маҳсулоти истеҳсолшаванда 40 намуди рангҳо истифода хоҳанд шуд. Бо ба истифода додани ин хатти нави технологӣ дар коргоҳ боз 36 ҷойи корӣ ташкил шуд.
Бояд гуфт, ки иқтидори корхона дар давоми як моҳ истеҳсоли наздик ба 130 ҳазор дона шимро ташкил дода, теъдоди он дар як сол ба зиёда аз 1 миллион дона мерасад. Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолмешуда 97%-и он ба кишварҳои Аврупо содирот мешавад.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дирӯз зимни боздид аз коргоҳи номбурда бо сифати маҳсулоти нав ва фаъолияти корхона шиносо шуда, ба масъулини коргоҳ барои боз ҳам густариш додани ҳамкорӣ бо кишвархои хориҷӣ ва зиёд намудани чойҳои корӣ дастур дод.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






