Иқдоми литсейи «Раҳнамо» лоиқи дастгирист
Душанбе, 30.10.2015 (АМИТ «Ховар»). -Ҳайати омӯзгорону хонандагони литсейи «Раҳнамо»- шаҳри Душанбе бо пайравӣ аз сиёсати ҳукумати мамлакат баҳри расонидани кумакҳои моддиву маънавӣ ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи Бадахшон бо ташаббуси худ барои хонандагони мактаби таҳсилоти умумии рақами 23-и ноҳияи Шуғнон дар ҳудуди 50 ҳазор сомонӣ маводи хӯрокӣ, либосҳои зимистона, асбоби хониш, таҷҳизоти техникӣ харид намуданд. Ба иттилои роҳбари литсейи «Раҳнамо» Хайриддин Ҳасанов кумакҳои ҷамъоваришударо намояндагони литсей аз ҳисоби даҳ нафар хонандагони пешқадам ва омӯзгорони литсей ба деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнон расониданд.
Пас аз расонидани кумакҳо дар саҳни мактаби рақами 23-и ноҳияи Шуғнон дастаи ҳаваскорони литсейи «Раҳнамо» барои ҷамъомадагон барномаи ҳунарии фарҳангӣ пешниҳод карданд, ки он ба базми шодиву нишоти хотирмон мубаддал гашт.
Зимни расонидани кумакҳои хонандагони литсейи «Раҳнамо» сардори раёсати маорифи ВМКБ Шоҳтут Хоников, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Шуғнон Х. Холиқназаров, намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатии маҳаллӣ, ҳамчунин падару модарон ва сокинони ноҳияи Шуғнон дар баробари изҳори миннатдорӣ ин иқдоми хонандагони литсейи «Раҳнамо»-ро ҳамчун иқдоми амалӣ баҳри тақвияти ваҳдати миллӣ баҳогузорӣ карданд.
«Ҷамъоварии кумакҳо аз тарафи хонандагони литсейи «Раҳнамо» барои ҳамсолони аз офати табиӣ зарардида дар тақвияти ҳисси ватандӯстӣ, ҳамгироӣ ва якдилии миллати тоҷик миёни хонандагони мактабҳо аҳамияти бузург дорад», — гуфт директори литсейи «Раҳнамо» Х.Ҳасанов ва илова кард, ки: «Ҳайати омӯзгорон ва хонандагони литсейи «Раҳнамо» ният доранд дар оянда робитаҳои худро бо мактабҳои минтақаҳои кишвар васеъ карда, онро ба анъанаи нек мубаддал кунанд. Мо на танҳо дар мушкилот, балки дар шодиву сурури ҳамдигар низ бояд бо ҳам бошем».








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






