Идомаи вохӯриҳои ҷавонони гурӯҳи «Пешоҳанг» дар вилояти Твер
Душанбе, 16.102015 (АМИТ «Ховар»).- Ҷавонони гурӯҳи «Пешоҳанг» дар доираи сафар ба Федератсияи Русия ба ноҳияи Рамешковскии вилояти Твер ташриф оварда, бо роҳбарияти ноҳияи мазкур ва шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ин ҷо фаъолият мекунанд, вохӯрданд.
Меҳмононро роҳбари ноҳияи Рамешковскии вилояти Твер Павлов Игор Анатолйевич ва дигар фаъолони ноҳия пазироӣ намуданд.
Гуфта мешавад, ки дар ноҳияи Рамешковский беш аз 600 нафар тоҷикон аз рӯи касбҳои гуногун дар корхонаҳои саноатӣ ва хоҷагии қишлоқ бо меҳнати софдилона зиндагӣ мекунанд.
Ҳайати ҷавонони гурӯҳи «Пешоҳанг» дар деҳаи Перлогии ноҳияи Рамешковский аз корхонаи дӯзандагӣ, ки роҳбариашро тоҷикон ба уҳда доранд, дидан намуданд. Дар ин корхона муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба дӯхтани либос ва дигар ашёҳо, ки аз матои пахтагӣ омода мешаванд, машғул буда, якдилона фаъолият менамоянд.
Зимни суҳбат тоҷикони ин маҳал низ изҳор доштанд, ки сиёсати кунунии давлату ҳукумати кишварро якдилона ҷонибдорӣ намуда, барои ободӣ, сарсабзиву хуррамии кишвар саҳми худро хоҳанд гузошт.
Ҳамчунин ҷавонони гурӯҳи «Пешоҳанг» оид ба пешгирии тақлид ба фарҳанги бегона, шомил шудани баъзе аз ҷавонони зудбовар ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, хурофотпарастию ифротгароӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ бо ҳамватанони бурунмарзӣ суҳбат оростанд.
Сафари ҷавонони гурӯҳи «Пешоҳанг» ба шаҳру вилоятҳои Федератсияи Русия идома дорад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






