Ифтитоҳи «Чойхонаи миллӣ» дар ноҳияи Ҳисор

Октябрь 27, 2015 04:20

Душанбе, 27.10.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар тантанаҳои бахшида ба 3000-солагии Ҳисор ва ифтитоҳи иншооти сершумори ҷашнӣ ба ин мулки зарнисор ташриф овард.

Роҳбарият ва намояндагони сершумори мардуми шукргузори Ҳисори шодмон Сарвари давлат ва Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти олӣ истиқбол гирифта, аз бунёдкорию созандагие, ки тайи 2 соли охир боиси ободонию шукуфоии бесобиқаи ин мулки бостонӣ гардид, арзи сипосу қадрдонӣ карданд.

Дар доираи таҷлили ҷашни 3000 – солагии Ҳисори шодмон, дар ҳудуди ин ноҳияи бостонӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ҳама чойхонаи ғайриоддӣ ва боҳашамати миллиро ифтитоҳ намуд, ки аз ҷиҳати услубу шакл дар миқёси олам ҳамто надорад.

Корҳои сохтмонӣ ба ифтихори таҷлили сазовори 3-юмин ҳазорсолаи Ҳисор дар ин мавзеъ моҳи сентябри соли 2014-ум оғоз гардида, дар рафти тадбирҳои бунёдӣ сараввал 250 бинокори маҳаллӣ ва бо ривоҷ ёфтани корҳои сохтмонӣ то имрӯз беш аз 650 нафар ба шуғл фаро гирифта шудаанд.

Бинои боҳашамат ва ғайриоддии Чойхонаи миллӣ дар асоси фармоиш ва фаъолияти Корпоратсияи Баракат, аз ҷониби Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Шаҳрофар тарҳрезӣ гардида, дар муддати кӯтоҳ бунёд гардид.

Чойхонаи миллӣ, ки аз рӯи услуби хоси меъморӣ бо риояи анъанаҳои бостонии шаҳрсозӣ дар шакли харбуза сохта шудааст, 43 метр баландӣ, беш аз 100 метр дарозӣ ва 55 метр паҳноӣ дорад.

Дар заминаи ин лоиҳаи ғайриоддии сохтмонӣ, дар ошёнаи якум бо 1600 метри мураббаъ толор дорои беш аз 1000 ҷойи нишаст, 2 утоқи корӣ барои кормандон ва дастаҳои ҳунарӣ, 5 ошхонаи муосир бо технологияи ҳозиразамони аз ҷиҳати экологӣ тоза ва бепартов бунёд шудааст.

Толори асосӣ бо масоҳати беш аз 2 ҳазор метри мураббаъ бо 1300 ҷойи нишаст, долони барҳаво ва дигар шароити замонавии хизматрасонӣ дар қабати дуюми бино, ки шакли харбузаро дорад, ҷойгир шудааст.

Бо бунёди ин нуқтаи муосири хизматрасонӣ барои қариб 100 нафар ҷойи кори доимӣ муҳайё гардид.

Дар асоси тарҳи ғайриоддӣ, ки бо такя ба унсурҳои хоси меъмории миллӣ амалӣ гардидааст, тамоми маводи сохтмонӣ ва ороишӣ аз ашёи хоми ватанӣ истифода шуда, бинои асосӣ ба шакли харбуза бунёд шудааст.

Ин Чойхонаи миллӣ дар масоҳати 4,5 га сохта шуда, гирду атрофи он бо намудҳои гуногуни ниҳолҳои ороишӣ ва навъҳои мухталифи гулу буттаҳо оро ёфтааст.

Оянда дар ҳудуди 22 гектари атрофи ин чойхона ҳамчунин боғи фарҳангию фароғатӣ  бунёд хоҳад ёфт.

 

Октябрь 27, 2015 04:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Ба хотири гиромидошти 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар Шаҳринав ҳамоиши илмӣ доир шуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Моҳи май дар пойтахти Тоҷикистон Фестивали об баргузор мешавад
Оид ба масъалаҳои мубрами филологияи Шарқ ва робитаҳои адабӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Каналҳои магистралии Вахш ва Шуробод ба таҷдиди куллӣ фаро гирифта шудаанд
Дар заминҳои назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и ноҳияи Кӯшониён картошка кишт карда шудааст
Сулҳофар, тоҷикпарвар, ваҳдатгаро, ташаббускор, роҳкушо, нурофар, сипаҳсолор — ҳафт сифати барҷастаи роҳбарии Пешвои миллат
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд вохӯрӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад
Аз 1 то 3 май дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид