Имзои санадҳои ҳамкорӣ дар доираи «Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе — 2015»

Октябрь 14, 2015 12:55

Душанбе, 14.10.2015. (АМИТ «Ховар») .-Дар натиҷаи мулоқоти самаранок  байни соҳибкорону сармоягузорон ва мақомоти давлатӣ як силсила санадҳои ҳамкорӣ дар доираи «Форуми байналмилалии соҳибкории  Душанбе — 2015» ба имзо расонида шуданд. 
Аз ҷумла, аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Кластери кимиёвии Баварияи Ҷумҳурии Федеролии Олмон оид ба ҳамкорӣ дар самти омўзиш ва ташкили кластерҳо дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ ва рушди соҳибкории хурду миёна дар ин бахшҳо ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
Байни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати NORINCO International Cooperation  Ltd.-и Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ дар татбиқи лоиҳаҳои зеристгоҳи барқӣ ва хатти интиқоли барқ  ба ноҳияи Данғара, сохтмони пойгоҳи обкашӣ ва соф намудани манбаи об дар шаҳри Душанбе, сохтмони МБГ дар ноҳияи Рашт бо иқтидори 2×350 МВт, истеҳсоли газ аз ангишт, бунёди роҳи оҳан ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд.
 Инчунин Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фонди сармоягузории «HUI-JIN» Ҷумҳурии мардумии Чин оид ба таъсиси корхонаи муштараки суғуртаи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ва бо Корпоратсияи Zhong Min Tou Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ташкили корхонаи муштараки лизингӣ дар Тоҷикистон ёддоштҳои тафоҳумро ба имзо расонданд.
Ёддоштҳои тафоҳумро бо Ширкати кўҳию саноатии Тоҷикистону Чин оид ба масъалаи бунёди корхонаи истеҳсоли маводи тарканда дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ ва бо Вазорати кишоварзии Тосканаи Италия оид ба таъсиси Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Италия низ Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонид.
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ якҷоя бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав бо Гурӯҳи саноатии «Эрон Худрав»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҶДММ «Гурӯҳи тавсеаи иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистон» оид ба фурӯш, хизматрасонии пас аз фурӯш ва истеҳсоли навъҳои мошинҳои сабукрав ва боркашонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расониданд. 
Ҳамчунин  КВД «Ҷамаст» бо Ширкати «CESA Investment»-и Ҷумҳурии Федеролии Олмон оид ба бунёди корхонаи коркарди сангҳои ороишӣ ва истеҳсоли маҳсулот аз он, Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Намояндагии Гурӯҳи ширкатҳои «Росгеоперспектива»-и Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи омўзиши геологӣ ва мусоидати техникӣ ба мақомоти соҳавӣ, ҶДММ «Фароз»  бо ширкати Ҷинекс-и Британияи Кабир оид ба ташкили Биржаи фондии байналмилалӣ, Маркази Тоҷикистону Русия бо Кубанский модулний дом ҷиҳати ба роҳ мондани истеҳсол ва сохтмони хонаҳои модулӣ дар Тоҷикистон, ҶДММ «Панҷрӯд» бо Ширкати кўҳию саноатии Тоҷикистону Чин оид ба ҳамкорӣ дар самти коркарди сангҳои мармари Кони Панҷрӯд  созишномаҳо ба имзо расониданд. 
Лозим ба зикр аст, ки ба туфайли  баимзорасии созишномаҳои дуҷониба ва ҳамкории судманд танҳо соли гузашта дар ҷумҳурӣ  бо ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ наздик ба 400 корхона ва коргоҳҳои истеҳсолӣ бунёд гашта, беш аз ҳафт ҳазор мутахассиси маҳаллӣ бо  кори доимӣ таъмин гардиданд, ки ин бори дигар аз беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ дар мамлакат ва сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат  Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт шаҳодат  медиҳад.

Октябрь 14, 2015 12:55

Хабарҳои дигари ин бахш

16 июл дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар корхонаҳои саноатии ноҳияи Шоҳмансур ба маблағи беш аз 600 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
15 июл дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии хоҷагии ҷангал, Палатаи савдо ва саноат ва КВД «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
14 июл дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии хоҷагии ҷангал, Палатаи савдо ва саноат ва КВД «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ширкатҳои сохтмонии ҶСК Неругоҳи барқи обии «Роғун» 1120 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба истироҳатгоҳи «Ҳамсафар» зиёда аз 300 кӯдак ҷалб мешавад