Исфара: Ба маблағи 202,8 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шуд
Душанбе, 13.10.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара таҳти раёсати раиси шаҳр ҷаласаи васеи фаъолони шаҳр баргузор гардид, ки дар он натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр дар давоми 9 моҳи сипаригаштаи соли 2015 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар ҷаласа таъкид шуд, ки дар ин муддат тамоми воситаю имкониятҳои мавҷуда баҳри татбиқи 205 лоиҳаи дар соли 2015 ба нақша гирифташудаи «Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Исфара барои солҳои 2013-2017» сафарбар гардиданд.
Дар ин давраи ҳисоботӣ ба маблағи 202,8 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол ва хизматрасонии пулакӣ ба анҷом расонида шуда, рушди 20%-и соҳа таъмин гардид. Дар ин муддат 5 коргоҳу корхонаи навбунёди истеҳсолӣ ба истифода дода шуданд. Ҳамчунон дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 12 маркази таълимӣ-истеҳсолии адрасу атласбофӣ таъсис ёфта, 37 дастгоҳ хари ва насб шудааст.
Дар раванди вусъати корҳои созандагӣ бунёди беш аз 60 иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ, хизматрасониву савдо сурат гирифта, ҳамчунон иқдомоти шаҳрдорӣ дар самти ободонии роҳҳо тақвият ёфта, то ба имрӯз наздик ба 28 км роҳ, аз ҷумла кӯчаҳои дохили маҳаллаҳо таъмири куллӣ ва 170 км таъмири ҷорӣ шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






