Истиқбол аз Соли оила дар ноҳияи Шоҳмансур
Душанбе, 09.10.2015 (АМИТ «Ховар»).-Бахшида ба Соли оила имрӯз дар маҳаллаи Шоҳмансури ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. Тавре ки мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи мазкур Гулбаҳор Чилаева ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар чорабинии фарҳангӣ, ки идомаи силсилачорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии ноҳияи Шоҳмансур ба ифтихори соли оила маҳсуб мешавад, намоиши маҳсули дастони ҳунармандону косибон, ороиши дастурхон, либоси миллӣ ва дигар анаъанаҳои оилаву оиладорӣ ба роҳ монда шуда, иштироки хонаводаҳои намунавӣ, оилаҳои ҷавони муваффақ ва шахсони соҳибтаҷрибаю рӯзгордида ба он ҳусни дигар бахшид. Ҳамчунин дар чорабинии мазкур намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур ва аҳли илму адаб низ ширкат намуда, доир ба нақш ва мақоми оила дар ҷомеа, тарбияи дурусти фарзанд, устувории оилаҳои ҷавон, саҳми волидон ҷиҳати омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона ва паҳлуҳои дигари оилаву оиладорӣ изҳори назар намуданд. Тибқи иттилои манбаъ, дар ҳама маҳаллаҳои ноҳияи Шоҳмансур аз моҳи апрел инҷониб чунин чорабиниҳои фарҳангӣ ҷараён доранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






