Изҳори ташвиши Сарвари давлат аз зиёд будани воридоти молҳо нисбат ба содироти он
Душанбе, 21.10.2015. (АМИТ “Ховар”). — “Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки гардиши савдои хориҷӣ дар вилояти Суғд танҳо дар 7 соли охир 2,3 баробар зиёд гардида, аз ҷумла содироти молҳо 2,8 баробар афзоиш ёфта, соли 2014 ҳаҷми он ба 450 миллион доллари амрикоӣ расидааст. Вале таносуби манфии савдои хориҷӣ то ҳол хеле калон буда, воридоти молҳо нисбат ба содироти он 4,5 баробар зиёд мебошад”, — изҳори ташвиш намуд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд.
Ба таъкиди Президенти кишвар ин дар ҳолест, ки вилояти Суғд дорои нерўи бузурги содироти молҳо, аз ҷумла меваю сабзавот ва маҳсулоти саноатӣ мебошад.
“Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки ҷиҳати амалисозии сиёсати воридотивазкунанда ва баланд бардоштани рақобатпазирии молҳои истеҳсоли ватанӣ мунтазам чораҷўӣ карда шавад. Инчунин, татбиқи саривақтии барномаҳои соҳавӣ ва рушди соҳаҳои асалпарвариву парандапарварӣ, боғу токпарварӣ аз ҷумлаи масъалаҳои мубрами фаъолияти ҳаррўзаи роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва сохтору мақомоти дахлдор мебошад”, — дастур дод Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






