Кишоварзони Хатлон дар ҷамъоварии ҳосили пахта пешсафанд
Душанбе, 06.10.2015 (АМИТ Ховар, )-Аз аввали мавсим то ба имрўз дар ҷумҳурӣ пахтакорони вилояти Хатлон пешсаф буда, то 2 октябр 117 ҳазору 185 тонна пахта ҷамъоварӣ намудаанд. Барои ҷамъоварии саривақтии ҳосили пахта 100 ҳазору 452 чинакчӣ сафарбар шудааст.
Тибқи дурнамо, имсол дар ҷумҳурӣ истеҳсоли пахта 398 ҳазору 220 тоннаро ташкил медиҳад. Мувофиқи маълумоти фаврии Раёсати расттанипарварии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ то 2 октябр дар ҷумҳурӣ дар як рўз ба миқдори 5727 тонна ва аз аввали мавсим 162 ҳазору 274 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки баробари 40,7 фоизи дурнамо мебошад. Ба ҷамъоварии ҳосили пахта дар ҷумҳурӣ 139 ҳазору 701 чинакчӣ машғул аст.
Бино ба иттилои Шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ, кишоварзони вилояти Суғд низ муташаккилона машғули ҷамъоварии ҳосили пахта мебошанд ва то 2 октябр ба миқдори 43 ҳазору 253 тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд. Дар ҷамъоварии ҳосили пахта 36 ҳазору 059 чинакчии вилоят иштирок дорад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ ҷамъоварии ҳосили пахта идома дошта, 3190 чинакчӣ машғули ҷамъоварии пахта мебошанд, ки аз аввали мавсим то ба имрўз ба миқдори 1836 тонна пахта ҷамъоварӣ намудаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






