Кохи Сафед: Обама аз Созмони «Пизишкони бидуни марз» узрхоҳӣ кард
Душанбе, 08.10.2015 (АМИТ «Ховар»).-Ба иттилои Пресс ТВ аз нақли Кохи сафед, Барак Обама, Президенти Амрико дар гуфтугўи телефонӣ бо раиси Созмони пизишкони бидуни марз ба хотири ҳамлаи ҳавоӣ ба бемористони ин созмон дар Қундузи Афғонистон узрхоҳӣ кардааст.
Рўзи шанбе дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоии Амрико ба як бемористон дар шимоли Қундуз ҷони 22 ғайринизомӣ гирифта ва даҳҳо тан маҷрӯҳ гардидааст.
Ҷоаш Эрнест, сухангўи Кохи сафед эълом кард, Барак Обама барои узрхоҳӣ ва тасаллият ба хотири марги кормандони Созмони пизишкони бидуни марз ва бемороне, ки дар натиҷаи ҳамлаи иштибоҳии ц Амрико ба бемористони ц ин созмон кушта ва захмӣ шуданд, бо раиси ин созмон Ҷуон Лиу тамоси телефонӣ дошт.
Бар асари ҳамла ба ин бемористон Созмони пизишкони бидуни марз , низ неруҳои худро аз он хориҷ кард.
Бояд гуфт, ки созмони башардӯстона бо маҳкум кардани ҳамла ба бемористони Қундуз, таҳқиқи холисона ва мустақили ин ҳодисаро хостор шуд.
Ҷуон Лиу, раиси ин ниҳоди башардӯстона рўзи чоршанбе дар баёнияе эълом кард: «Ин танҳо ҳамла ба бемористони мо набуд, ҳамла ба конвенсияҳои Женева буд, чунин чизро наметавон таҳаммул кард».
Лиу афзуд, ин ҳамлаи ҳавоӣ нақзи қонунҳои байналмилалӣ аст, зеро ҳамла ба бемористонҳо дар минтақаҳои ҷангӣ хилофи Конвенсияи Женева аст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






