Конфронс: “Туризми дар ҷомеа асосёфта дар Осиёи Марказӣ”
Душанбе, 16.10.2015 (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар меҳмонхонаи “Серена”-и шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалӣ таҳти унвони “Туризми дар ҷомеа асосёфта дар Осиёи Марказӣ” баргузор гардид.
Дар конфронс намояндагони Созмони ҷаҳонии туристӣ, давлатҳои Испания, Эрон, Афғонистон, Қирғизистон ва Қазоқистон иштирок доштанд.
Конфроснро раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода оғоз намуда, доир ба имкониятҳои соҳаи сайёҳӣ ва ҳамкорӣ дар ин самт сухан гуфт.
Дар конфронси мазкур, ки коршиносони соҳаи турзим низ иштирок доштанд, рушди туризми ҷомеасоз дар кишвар ва баланд бардоштани нақши соҳибкории хурду миёнаро дар беҳтар сохтани инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамзамон дар конфронс гурӯҳҳои корӣ муаррифӣ шуданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






