Конфронси гурӯҳи «Пешоҳанг» бо тоҷикони муқими вилояти Твер
Душанбе, 16.102015 (АМИТ «Ховар»).-Дирӯз, 15-уми октябри соли равон дар Қасри фарҳанги ноҳияи Пролетарскии вилояти Твери Федератсияи Русия бо иштироки намояндагони Раёсати робитаҳои ҷамъиятии дастгоҳи Губернатори вилояти Твер, Кумитаи ҷавонони вилояти Твер, роҳбарони ноҳияи Калининскии вилояти мазкур, Академияи хоҷагии қишлоқи Твер, раиси ҷамъияти фарҳангии вилояти Твер ва ҷамъиятҳои тоҷикон аз минтақаҳои вилояти Твер дар якҷоягӣ бо гурӯҳи ҷавонони «Пешоҳанг» конфронс баргузор гардид.
Дар конфронс иштирокдорон оид ба ҳаёту фаъолияти тоҷикони муқими вилояти Твер, муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳамватанони бурунмарзӣ сухан гуфта, зикр карданд, ки онҳо сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷонибдорӣ намуда, фарҳанги қадимӣ ва бою пурғановати мардуми тоҷикро дар ин ҷо муаррифӣ менамоянд.
Зикр шуд, ки мардуми вилояти Твер ба фарҳангу таърих, расму оин ва анъанаҳои халқи тоҷик таваҷҷуҳи хосса дошта, дар чорабиниҳо ва ҷашну маросими анъанавии тоҷикон фаъолона иштирок менамоянд.
Зимни баргузории намоиши фарҳангӣ ҳунару истеъдоди мардуми тоҷик ва либосҳои дастдӯз, аз қабили чакан, тоқӣ, ҷӯроб ва ҷомаю куртаҳои миллӣ ба тамошо гузошта шуданд.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш як гурӯҳ ҷавонони фаъоли кишвар аз гурӯҳи «Пешоҳанг» барои дидору мулоқот бо тоҷикони муқим ва муҳоҷирони Тоҷикистон дар Русия ба ин кишвар сафар намуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






