Конфронси илмӣ ба ифтихори 80-солагии забоншинос Баҳриддин Камолиддинов
Душанбе, 8.10.2015.(АМИТ «Ховар»).-Имрӯз дар факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами забони васоити ахбори омма» конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд.
Конфронси мазкур ба ифтихори 80-солагии Корманди шоистаи Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ Баҳриддин Камолиддинов гузаронида шуд.
Дар конфронс ректори ДМТ Имомзода Муҳаммадюсуф, журналист ва публитсисти тоҷик профессор Иброҳим Усмонов, профессор Мукаррама Набиева, забоншинос Абдуғаффор Ҷумъаев, дӯстону наздикон ва дастпарварони устод сухан гуфтанд.
Ёдовар мешавем, ки Баҳриддин Камолиддинов муаллифи чандин асари калонҳаҷми илмӣ буда, инчунин дар татбиқи Қонуни забони давлатӣ саҳми арзанда дорад.
Беш аз яксаду панҷоҳ номгӯй мақолаҳои илмию методиаш дар маҷаллаю маҷмӯаҳои мухталифи илмӣ чоп гардида, таҳти роҳбарии ӯ 20 нафар рисолаи номзадӣ ва 4 нафар рисолаи докторӣ дифоъ намудаанд.
Баҳриддин Камолиддинов дорандаи чандин мукофоти давлатӣ буда, барои меҳнати пурсамар ду карат бо Грамотаи фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон, унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, бо нишонҳои «Комёбиҳои беназир дар таълими макотиби олӣ» ва «Аълочии маорифи Тоҷикистон» қадрдонӣ шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






