Кормандони ғайриштатии мақомоти корҳои дохилӣ 444 ҷиноятро ошкор карданд
Душанбе, 13.09.2015 (АМИТ «Ховар»). -Кормандони ғайриштатии мақомоти корҳои дохилӣ қувваи бузурги аҳли ҷомеа буда, ба воситаи онҳо ҳамкории ҷомеа бо мақомоти корҳои дохилӣ дар баробари дружиначиёни ихтиёран амалӣ шуда истодааст. Имрӯзҳо ҳамкории судманди кормандони ғайриштатӣ бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба роҳ монда шуда, ихтиёран ҷалбшавии шаҳрвандон ба сифати кормандони ғайриштатӣ шароит муҳайё намудааст, ки рӯз аз рӯз ҳамкории зичи мақомот бо ҷомеа ташкил ва дар пешгирии ҷинояткорӣ ва мубориза бо он натиҷаҳои хуб ба даст оварда шавад.
Фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи баланд бардоштани нақши нозирони минтақавии милитсия дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва тавсеаи ҳамкории онҳо бо аҳолӣ» таҳкимбахши ҳамкории кормандони ғайриштатӣ бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ мебошад. Ҷамъбасти фаъолияти нуҳмоҳаи Вазорати корҳои дохилӣ нишон дод, ки дар давоми нӯҳ моҳ сафи кормандони ғайриштатӣ зиёда аз 3000 нафар афзуда, дар умум зиёда 15 000 корманди ғайриштатӣ дар ҳамкорӣ бо кормандони ин мақомот дар таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва амният фаъолона иштирок доранд.
Омӯзиши фаъолияти кормандони ғайриштатӣ бо нозирони минтақавӣ нишон дод, ки онҳо барои иштирок намудан дар таъминоти тартиботи ҷамъиятӣ сахт ҳавасманд мебошанд. Имрӯзҳо бо 955 нозири минтақавии милитсия беш аз 4900 корманди ғайриштатӣ ҳамарӯза дар таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ фаъолона ҳиссагузорӣ менамоянд, ки ба ҳар як нозири минтақавӣ на кам аз панҷ нафарӣ корманди ғайриштатӣ рост меояд. Танҳо дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ беш аз 450 шаҳрванд ихтиёран ба сифати кормандони ғайриштатии нозирони минтақавӣ қабул шуданд.
Зикр кардан бамаврид аст, ки кормандони ғайриштатии милитсия, ки бевосита бо нозирони минтақавӣ ҳамарӯза фаъолият менамоянд, 444 ҷиноят ва 1085 ҳуқуқвайронкунии маъмуриро ошкор намудаанд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта беҳтар буда, намунаи ҳамкории хуби онҳо бо мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.
Ғуломов Қ.Ҷ., мушовири калони дастгоҳи вазири корҳои дохилӣ








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






