Кумаки БРО барои беҳтар намудани низоми ТИК ва ТК дар Тоҷикистон

Октябрь 1, 2015 04:11

Душанбе, 1.10.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). — Масъалаҳое,  ки бо оғози татбиқи лоиҳаи «Пурзўр намудани иштироки бахши хусусӣ дар соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва омўзиш» алоқаманд зимни вохӯрии  муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмин Сангинзода бо   Директори шуъбаи идоракунии давлатӣ, бахши молия ва савдои Бонки Рушди Осиё хонум Бетти Вилкинсон 30 сентябр соли  равон баррасӣ гардиданд. 
Тарафҳо аз натиҷаҳои гуфтушуниди видеоӣ ҷиҳати баррасии лоиҳаҳои созишномаҳои грантӣ ва қарзӣ, ки рӯзҳои 17-18 сентябри соли ҷорӣ баргузор гардид, изҳори қаноатманӣ карда, қадамҳои минбаъда дар маъқул донистани лоиҳаи мазкур аз ҷониби Шӯрои директорони БРО ва ратификатсияи он дар парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро муҳокима намуданд. 
Тавре ки аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар хабар доданд, хонум Бетти Вилкинсон изҳор намуд, ки БРО омодааст дар муҳлатҳои кўтоҳтарин  инчунин  имкониятҳои омода ва татбиқ намудани боз як лоиҳаи муштарак оид ба таъсиси ҷойҳои корӣ ва таъмин намудани шуғли муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта, сертификатсиякунонии малакаи онҳо, ҷудо намудани қарзи имтиёзнок барояшон ҷиҳати ташкил намудани кори шахсӣ ё хонакорӣ равона шударо дида барояд.
Эмин Сангинзода ба хонум Бетти Вилкинсон ва ҳамроҳонаш аз номи вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода барои дастгирӣ ва ҳамкории судманд изҳорӣ миннатдорӣ намуд.

 

 

Октябрь 1, 2015 04:11

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд