Кумаки Иттиҳоди Аврупо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши амнияти ядроӣ
Душанбе,26.10.2015.(АМИТ «Ховар»).- Шаш гузаргоҳи сарҳадӣ (дар роҳҳои мошингард ва роҳҳои оҳан) бо мониторҳои радиатсионӣ, ки қудрати ошкор намудани ҳар гуна қочоқи ғайриқонунӣ ва ҳамлу нақли маводи ядроӣ ва радиатсиониро доранд, муҷаҳҳаз гардонида шуданд. Маркази таълимии Хадамоти гумрук низ бо таҷҳизот таъмин карда шуд.
Кумаки мазкур аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дар доираи барнома оид ба мусоидат ба сулҳу субот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри тақвияти иқтидорҳои ҳифозатии сарҳадоти он дар самти таъмини амнияти ядроӣ расонида шудааст. Инчунин гузаргоҳҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд озмоишгоҳи сайёри муҷаҳҳаз бо асбобҳои ҳассос барои андозагирӣ ва таҳлили маводи ядроӣ ва радиоактивиро, ки ҳамчунин аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо таъмин шудаанд, мавриди истифода қарор диҳанд. Дар ҳоле, ки озмоишгоҳ метавонад дар сатҳи минтақаҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад, он метавонад ба ҳайси озмоишгоҳи миллии коршиносӣ ҷиҳати тақвияти тафтишот баъд аз ошкор намудани мавод хизмат намояд.
Арзиши умумии лоиҳа оид ба таъмини таҷҳизоти махсус 1,5 миллион Евроро ташкил дода, он моҳи декабри соли 2014 дар байни Иттиҳоди Аврупо ва Ширкати “Полимастер”-и Ҷумҳурии Беларус ба имзо расид. Лоиҳа дар маҷмӯъ, бо назардошти давраҳои омӯзишӣ, таъмин ва насби таҷҳизот дар тӯли як сол ба анҷом расид.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






