Кумитаи забон дар донишгоҳу донишкадаҳо санҷиш мегузаронад
Душанбе, 29.10.2015. (АМИТ «Ховар»).-Аз ҷониби Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишгоҳу донишкадаҳои шаҳри Душанбе гурӯҳҳои корӣ таъсис шуданд.
Гурӯҳҳои корӣ аз 26 октябр то 26 ноябри соли равон донишгоҳу донишкадаҳои пойтахтро мавриди санҷиш қарор медиҳанд.
Мақсад аз таъсиси гурӯҳҳои корӣ санҷиши вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва иҷрои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016» мебошад.
Перомуни ҷамъбасти санҷиш Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи ВАО иттилоъ хоҳад дод.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






