Курсҳои «Духтарони сарвар» дар Кӯлоб ҷараён доранд

Октябрь 20, 2015 03:06

Душанбе, 20.10.2015. (АМИТ «Ховар», ). — Бино ба иттилои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ ҳоло  аз ҷониби кумита курсҳои «Духтарони сарвар»дар шаҳри Кӯлоб ташкил  шуда, зиёда аз як моҳ аст, ки идома доранд.
Барномаи давлатӣ дар бораи «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарону лаёқатманд барои солҳои 2007-2016»  нишонаи амиқи иродаи сиёсии роҳбарияти давлату Ҳукумат, бахусус Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи тақвияти мавқеъ ва нақши занон дар кишвар мебошад.
Барномаи мазкур татбиқи чорабиниҳоро баҳри ҷорӣ намудани низоми мукаммали тайёркунии кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон, таъмини иштироки васеи занон дар фаъолияти мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, фаро гирифтани занону духтарони лаёқатманд ба воситаи озмун барои таҳсил, бозомӯзӣ ва такмили ихтисос дар мактабҳои олӣ, донишкадаҳои такмили ихтисоси дохил ва хориҷи кишвар, инчунин таҳия ва такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки баробарии ҳуқуқии марду занро дар корҳои роҳбарӣ пурра таъмин менамояд, дар бар гирифтааст.
Бо мақсади татбиқи барномаи мазкур аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон курсҳои навбатии «Духтарони сарвар» ташкил  шуданд. Ба ин курсҳо донишҷӯдухтарони фаъоли донишгоҳу донишкадаҳои олии пойтахт бо тавсияи роҳбарияти ин муассисаҳо ҷалб гаштаанд. Курси мазкур дар давоми се моҳ идома ёфта, дар ҷараёни онҳо бо духтарон олимон ва сиёсатмадорони шинохта машғулиятҳо мегузаронанд.

 

Октябрь 20, 2015 03:06

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд