Курси такмили ихтисос барои мутахассисони бахши иқтисод ва молия
Душанбе,12.10.2015(АМИТ «Ховар»).- Дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти кишвар курси такмили ихтисос барои сардорони сарраёсатҳо, раёсатҳо ва шуъбаҳои молияи вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз рӯи барномаи «Сиёсати давлатии иқтисодию молиявӣ дар Тоҷикистон» баргузор гардид.
Дар маросими ифтитоҳи курси такмили ихтисос директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — Ҷумъа Давлатов, роҳбари дастгоҳи Палатаи ҳисоби ҷумҳурӣ Холназар Файзуллозода, ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти ҷумҳурӣ — Лутфия Абдулхолиқзода иштирок намуда, доир ба таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати кишвар ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии иқтисодиву молиявӣ дар Тоҷикистон ва ҳамчунин дастгирии мутахассисони ин соҳа ибрози назар намуданд.
Ҳадафи ташкили курсҳои мазкур таъмини талаботи моддаи 19-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», инчунин баланд бардоштани донишу малакаи иқтисодӣ ва молиявии хизматчиёни давлатӣ бо маълумоти муосир ва ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳонист.
Курси такмили ихтисос аз 12 то 17-уми октябри соли равон идома ёфта, ба шунавандагон доир ба мавзуъҳои вазъи муосири низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити буҳрони иқтисодии минтақа, сиёсати давлатии иқтисодиву молиявӣ дар солҳои истиқлолияти давлатӣ, маркетинги мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбату машғулият ва мубоҳисаҳо гузаронида мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






