Куштори хоҳар бо табар
Душанбе, 15.10.2015 (АМИТ «Ховар»).-Зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия сокини 65-солаи шаҳри Хуҷанд ҳамчун гумонбар дар ҷинояти куштор дастгир гардид, ки хоҳарашро бо табар ба қатл расондааст.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии кишвар, муайян шуд, ки гумонбаршуда 13-уми октябри соли равон дар ҳолати мастӣ, дар назди театри “Наврасон”-и ш. Хуҷанд бо хоҳараш, зани 61-солаи сокини ҳамин шаҳр ҷанҷол карда, сипас бо табари дар дасташ буда якчанд маротиба ба қисми сар ва гарданаш задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса фавтидааст.
Нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш давом дорад.








ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид






