М. Чориева: Парчамбардорӣ-ифтихори шоёни таҳсин аст!

Октябрь 28, 2015 04:10

Душанбе, 28.10.2015 (АМИТ «Ховар»).-Тӯли  24 соли истиқлолият дар  Тоҷикистон сафи занони сиёсатмадору иқтисоддон ва лаёқатманд дар ҳамаи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ зиёд гардид ва занон дар рушду инкишофи  кишвар саҳмгузор мебошанд. Сафи  чунин занҳо рӯз аз рӯз афзуда, онҳо мекӯшанд, то Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ дар риштаҳои гуногуни сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва  варзишӣ  муаррифӣ намоянд. Ҳамчунин дар риштаи варзиш дар баробари ҷавонмардон  занон низ талош  доранд, то дар мусобиқаҳои  хориҷи кишвар муаррифгару парчамбардори Ватани хеш бошанд. Дар ин робита, хостем бо қаҳрамони  чандкаратаи Тоҷикистон ва ҷаҳон оид ба бокс миёни занон, дорандаи медали биринҷии бозиҳои олимпӣ Мавзуна Чориева суҳбат намоем, ки инак фишурдаи онро пешкашатон месозем:

«Ховар»: Шумо ҳамчун як зани муваффақ ноил гардидан ба комёбиҳои пай дар пайро дар чӣ мебинед?

Мавзуна Чориева: — Аслан одам мақсадашро барои иҷрои ягон кор мегузорад ва ӯ бояд  талош кунад, то ки ба қуллаи баланди хостаҳояш расад. Муваффақ гаштан ба ин ё он мақсад аз росткориву одил будан вобастааст ва худопарастии ӯ низ мебошад. Ҳар нафаре, ки дар пеши худ мақсад мегузорад, то чӣ андозае худашро дӯст дорад, кораш ва мақсади гузоштаашро низ дӯст медорад. Ҳамаи инро агар доро бошӣ, метавонӣ  аз ин натиҷаи хуб ба даст орӣ.

«Ховар»: -Барои иштирок дар бозиҳои олимпии Рио де Жанейро, ки барои варзишгарон вақти кам мондааст, то чӣ андоза омодаед? Ба ғайр аз худатон боз аз шогирдон барои талоши роҳхат ба ин бозии олӣ кӣ ҳамроҳ аст?

Мавзуна Чориева:-Рости гап баъд аз соли 2012  вақти хеле кам аст, ки мо бояд боз як зани варзишгарро дар сатҳи ҷаҳонӣ барорем, вале ба  ҳамаи ин нигоҳ накарда, кӯшиш ба харҷ медиҳем ва то ҷое шогирд ҳам омода кардаем, ки дорандаи медали биринҷӣ дар Бозиҳои Осиё мебошад. Барои ин роҳхат Шоира дар вазни 64 кг миёни занҳо талош дорад ва  ҳоло дар ин вазн тамрин мекунад. Барои роҳхат гирифтан имрӯзҳо мо талош дорем, то аз миёни занҳои муштзани тоҷик ягон нафар роҳхат гирад. Аммо мутаассифона, ин суханро на танҳо барои шумо, балки тӯли се моҳ аст, ки дар ҳар суҳбату мулоқот мегӯям, ки ман ваъда намедиҳам, ки ин роҳхатро ба даст меорам ё на, чун ман ҳоло аз китфам ҷароҳат бардоштаам ва ба варзиш баргашта наметавонам, чунки духтурон ҳоло ба ман ба майдон баромаданро иҷозат надодаанд. Бо ҳамин сабаб ҳоло аз варзиш дурам.

«Ховар»:-Кори хона ва кӯдаки хурдсол ба машғуляти Шумо халал ворид намекунад?

Мавзуна Чориева:— Вақте  ки ман оиларо интихоб кардам, хуб медонистам, ки шавҳардору фарзанддор мешавам ва кори хонаро мекунам. Ман аз ҳамаи ин бохабар будам ва дар ин роҳи  интихоб кардаам ягон  мушкилӣ намебинам. Аслан ин кори душвор ҳам нест, кори ҳамарӯзаи ҳар як зан мебошад. Беҳтарин кор аст барои ҳар зан, ки корҳои оиладориашро мекунад ва аз он қаноатманд мешавад. 

«Ховар»: Ҳоло шумо ба ҷуз аз омодагӣ ба бозиҳои олимпӣ боз  ягон нақшаи дигар доред?

Мавзуна Чориева: Ба ростӣ чуноне медонед, ман дар ду- се ҷо кор мекунам, ҳамчун як вакили шаҳри Душанбе, корманди Вазорати корҳои дохилӣ ҳастам ва боз варзишгар мебошам. Кӯшиш мекунам, ба ҳамаи ин масъулиятҳое, ки бар дӯши ман гузоштаанд, дастрасӣ кунам. Чун ин вазифаҳоро ба ман бовар карда, вогузор кардаанд ва ман низ мехоҳам бо иҷрои ин корҳо дар рушди Ватани азизам  саҳмамро гузорам.

«Ховар»: Аз ҳамон лаҳзаҳои ҳассосу ҳаяҷонбахши ғолибияту парчамбардориҳоятон суҳбат мекардед…

Мавзуна Чориева: Дар ин ҳолатҳо он эҳсосеро, ки варзишгар дорад, ба забон гуфта наметавонед. Чун ин эҳсос мисли он аст, ки модар фарзандашро ба дунё меорад ва аз тавлиди ӯ хурсанду хушҳол мегардад, эҳсоси варзишгар низ ҳамин гуна аст.

«Ховар»: Имрӯз мо дар остонаи ҷашни Парчами миллӣ  қарор дорем, таманниёти Шумо ҳамчун як парчамбардори кишвар дар арафаи ин ид чӣ гуна аст?

Мавзуна Чориева:- Аслан мо, ҷавонон бояд кӯшиш ба харҷ диҳем, то Ватани ободу зебоямонро, ки фарзандони фарзонаи кишвар бо дастовардҳои азим ва комёбиҳо онро машҳур кардаанд ва ҷаҳон онро ҳамчун давлати соҳибистиқлол мешиносад, аз ин ҳам дида зеботар гардонем ва ба қадри ин ҳама неъмати кишвар ва суботи он бирасем. Ҷавонон, ки  муаррифгари кишваранд, ҳамеша бояд кӯшиш намоянд, то сафи ҷавонони тоҷике, ки ватанро дар арсаи ҷаҳонӣ  муаррифӣ месозанд,  зиёд шавад. Мо ҷавонон  бояд дар фикри он бошем, ки барои фардои худ як чизи наву арзанда созем, ҳамарӯза як амали хайрро анҷом диҳем. 
Таманниётам барои ҳар фарди тоҷикистонӣ дар ҷашни парчам ин аст, ки бояд ҳамагон кӯшиш кунанд, то дар ҳамаи соҳаҳо парчамбардору пешсаф бошанд, зеро парчамбардорӣ -ин ифтихорест шоёни таҳсин. Ҷавонони тоҷик ҳар қобилияте, ки доранд, бояд  барои ободии Ватани хеш сарф намоянд. Ҳар нафари худогоҳ чи гунае, ки модарашро эҳтиром мекунаду дӯст медорад, бояд Ватанашро низ ҳамин гуна дӯст дораду эҳтиром гузорад. Ин рӯзи таърихиро барои ҳамаи ҳамватанонам муборакбод мегӯям!   

 

 

Октябрь 28, 2015 04:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, сешанбе, 224-умин рӯзи соли 2025 аст
Барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ омӯзиши забони олмонӣ оғоз меёбад
Дурнамо ва густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ гардид
Далер Наимов: «Дастаи мо аз шахсони зираку кордон иборат аст»
Имрӯз дар Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Истаравшан ҳунари шонасозӣ ривоҷи тоза меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад