Маҷидзода Ҷӯрахон дар кори ҷаласаи комиссияи АБП ИДМ иштирок мекунад

Октябрь 13, 2015 07:12

Душанбе, 13.10.15. (АМИТ «Ховар»).  15 —  16  октябр дар  шаҳри  Санкт  Петербурги  Федератсияи    Русия  ҷаласаи  Комиссияи  доимии Ассамблеяи  байнипарлумонии  (АБП) давлатҳои  узви  Иттиҳоди  Давлатҳои  Мустақил  аз  рӯи  масоили  мудофиа  ва  амният  баргузор  мегардад. 
Дар  кори  ҷаласа  вакилони  парлумонҳои  узви АБП ИДМ, таҳиягарони  лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳо  ва  коршиносон иштирок  менамоянд. Тоҷикистонро  дар  ҷаласа  раиси  кумитаи Маҷлиси  намояндагон  оид ба  мудофиа  ва  амният  Маҷидзода  Ҷӯрахон  намояндагӣ  мекунад.
Дар  ҷараёни  кори  комиссия  таҳияи  лоиҳаҳои  шарҳу  мулоҳиза ба  қонун «Дар  бораи муқовимат  ба пулшӯии  даромадҳо бо  роҳи ҷинояткорӣ,  маблағғузории терроризм  ва  паҳн кардани  аслиҳаи  қатли  ом»,  шарҳу  мулоҳиза ба қонун «Дар  бораи  сири  давлатӣ», тавсияҳо барои   кормандони  мақомоти  салоҳиятдор ҷиҳати  мубориза бо гардиши  ғайриқонунии маводи  мухаддири  давлатҳои  узви  ИДМ  оид ба ташкилу роҳандозии «интиқоли  маводи  назоратшаванда» ва  ғайра  анҷом дода мешавад.
Аъзои  комиссия  лоиҳаҳои қонунҳо «Дар  бораи  хадамоти садамавию  наҷотдиҳӣ ва мақоми  наҷотдиҳандагон», «Дар  бораи  бехатарии  ҳаракат  дар  роҳ», «Дар  бораи  созмонҳои  ғайриҳукуматӣ» ва лоиҳаи   шарҳу  мулоҳиза ба  қонун  «Дар  бораи  сарҳади давлатӣ» — ро  мавриди  муҳокима  қарор  медиҳанд.

 

Октябрь 13, 2015 07:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!