Мақсад- бартараф намудани ғалатҳои имлоӣ дар лавҳаю овезаҳо
Душанбе, 2.10.2015. (АМИТ «Ховар»).-«Забони тоҷикӣ шоистаи мақоми волост ва бояд мо, забоншиносон ин забонро ҳамеша поку беолоиш нигоҳ дошта, нагузорем, ки ба он осебе расад»,-иброз дошт Ҷумъабой Азизқулов, ходими пешбари Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ имрӯз зимни ҳамоише бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ, ки дар институти мазкур доир шуд. Ҳамоиш таҳти унвони «Симои лингвистии шаҳрҳо дар замони Истиқлол» доир гардид.
Бояд гуфт, ки дар ҳамоиш намояндагон аз Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, устодон аз донишгоҳу донишкадаҳо ва кормандони Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ сухан карданд.
Мақсади конфронс бартараф намудани ғалатҳои имлоӣ дар навиштаҷоти шаҳрҳо буд, ки дар доираи он мутахассисони соҳа баҳсу суҳбатҳо анҷом доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






