Маҳви даҳҳо террористи ДИ бар асари зарбаҳои ҳавопаймоҳои «СУ-24 м», «СУ-25» ва «СУ-34»-и Русия

Октябрь 2, 2015 12:53

Душанбе, 02.10.2015. (АМИТ «Ховар»). — Ҳавопаймоҳои ҳарбӣ-ҳавоии Федератсияи Русия ба чанд мавқеи дигари террористони гурӯҳи «Давлати исломӣ» дар Сурия зарба зада, дар натиҷа даҳҳо ҷангии ифротгароро маҳв кардаанд. Дар ин бора расонаҳои хабарии Русия иттилоъ медиҳанд.
Бино ба иттилои Вазорати мудофиаи Федератсияи Русия, дар ин амалиёти ҳавоӣ асосан нуқтаҳои фармоишӣ,  анбори нигоҳдошти яроқ ва сӯзишворӣ мавриди ҳадаф қарор гирифта, дар он аз ҳавопаймоҳои ҳарбии «СУ-24 м», «СУ-25» ва «СУ-34» истифода шудааст. 
Бояд гуфт, ки зарбаҳои ҳавоии неруҳои Русия ба амалиёти заминии Артиши Сурия дар минтақаҳои дигари кишвар мусоидат менамоянд. 

Октябрь 2, 2015 12:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд