Марди 34-сола бо гумони куштори зани рус дастгир шуд
Душанбе, 12.09.2014. (АМИТ «Ховар»). -Чанде пеш кормандони милитсия дар шаҳри Душанбе зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ дар якҷоягӣ бо кормандони прокуратура сокини 34-солаи шаҳри Қӯрғонтеппаро бо гумони содир намудани ҷинояти куштор дастгир карданд.
Муайян карда шуд, ки гумонбаршуда 30-юми сентябр дар ҳолати мастӣ дар кӯчаи Р. Набиеви шаҳри Душанбе бо зани 39-солаи сокини пойтахт, миллаташ рус, муноқиша намуда, ӯро латукӯб карда, ба қатл расонидааст. Сипас, ҷасади занро ба борхалтаи полиэтиленӣ андохта, даҳонашро бо сими алюминӣ баста, ба дохили партовгоҳ партофта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Нисбат ба далели мазкур бо моддаи 104 (одамкушӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтиши ин ҳодиса идома дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






