Мардум ва идораи хуби сарҳадот — омили бехатарӣ ва рушди устувор
Душанбе, 22.10.2015 (АМИТ «Ховар»).- Моҳи июни соли 2015 давраи нави 9-уми Барномаи «Идоракунии сарҳадот дар Осиёи Марказӣ»(БОМКА) бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо шурӯъ гардид. Татбиқи он дар тули 36 моҳ ба нақша гирифта шудааст. Давраи ҷории барномаи мазкур бо арзиши 5 млн. евро аз ҷониби Консортсиуми шарикон бо роҳбарии Хадамоти давлатии ҳифзисарҳади Ҷумҳурии Латвия амалӣ хоҳад шуд.
Муаррифӣ намудани давраи ҷории Барномаи БОМКА ва қисмҳои он ба манфиатгирандагони асосӣ, арзёбӣ намудани вазъи кунунӣ якҷоя бо намояндагони мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муайян кардани эҳтиёҷот ва самтҳои асосии ҳамкорӣ дар доираи барнома аз ҳадафҳои ҳайати арзёбӣ будаанд.
Дар доираи сафар вохӯриҳо бо намояндагони Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ ва Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ анҷом дода шуданд. Инчунин ҳайати арзёбӣ бо намояндагони созмонҳои байналмиллалие, ки дар самти идораи сарҳад фаъолият менамоянд, вохӯрӣ намуданд.
Ҳайатро полковник Загузовс, сардори Раёсати маъмурии Хадамоти давлатии ҳифзи сарҳади Ҷумҳурии Латвия роҳбарӣ намуд.
Ҳадафи асосии ин давраи барнома мукаммал намудани идоракунии сарҳадот дар Осиёи марказӣ мебошад ва он тавассути ҷорӣ кардани ҷузъҳои мураккаби Идораи муттаҳидшудаи сарҳадот, кумак расонидан ба мақомоти дахлдор дар рушд ва ислоҳоти сиёсати муҳоҷират, мусоидат ба савдои минтақавӣ ва мукаммал кардани иқтидори мақомоти ҳифзи сарҳад ва муҳоҷират мавриди амал қарор дода мешавад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






