Мардуми Варзоб ҳодисаи нангини 4 сентябрро қотеона маҳкум мекунанд

Октябрь 5, 2015 06:59

Душанбе, 05.10.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар маҷлиси  якҷояи кормандони  бахши Хадамоти муҳоҷират ва шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияи Варзоб фоҷиаи рўзи 4 сентябри соли равон рухдода баррасӣ шуда, иштирокдорон ин амалро  қотеона  маҳкум намуданд.
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб Неъматулло Сафаров иброз намуд, ки ҳодисаҳои чанд вақти охир нишон доданд, ки кинаву адоват ва бадбинию хусумат ҳанўз аз замони ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1997 аз зеҳну хотираи тарафдорони ИНОТ ва намояндагони Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон пок нагаштаанд ва ба ҳар роҳу васила монеи рушди ҳамаҷониба мегарданд. Махсусан аъзои ҲНИТ бо истифода аз эҳсосоти динии мардум онҳоро ба гумроҳӣ кашида, ниятҳои нопоки худро амалӣ месозанд.
Мисоли равшани ин гуфтаҳо ҳодисаи рўзи 4 сентябри соли 2015 рухдода мебошад, ки таҳти роҳбарии  собиқ муовини вазири мудофиа Абдуҳалим Назарзода анҷом дода шуд. Рафтору кирдори ношоистаю хиёнаткоронаи собиқ сардори дастаи таъминоти махсуси милитсияи ВКД Гулмурод Ҳалимов бори дигар нишон дод, ки дар кишвари мо ғаразҳову бегонапарастиҳо аз байн нарафтаанд. Генерали хиёнаткор бо гурӯҳи ҷиноятпешаи худ бори дигар фазои орому осудаи кишварро ноором гардонида,  бори дигар хостори ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон шуд. Ин амали хиёнаткоронаю паймоншикании «ҳоҷӣ — генерал» собит сохт, ки ў ва дигар намояндагони ИНОТ ҳеҷ гоҳ ободии Ватан, осудагии халқ ва пешрафти кишварро намехоҳанд.
Маҳз ҳамин рафтори эшон боис гардид, ки дар кишвар беш аз ҳазорон нафар аз сафи Ҳизби наҳзати исломӣ даст кашиданд ва дар ноҳияҳо фаъолияти худро қатъ намуданд.
Иштирокдорон  ин ҳодисоти рухдодаро сахт маҳкум карда, аз  мардуми шарифи Тоҷикистон даъват намуданд, ки ҳушёрӣ ва зиракиро аз даст надиҳанд, фирефтаи ҳама гуна дасисабозону ҷиноятпешаҳо нашаванд, аз паси ободии кишвари азизу маҳбубамон камар бубанданд.

Октябрь 5, 2015 06:59

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
То 4 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад