Машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Муғулистон

Октябрь 13, 2015 03:04

Душанбе, 13.10.2015. (АМИТ «Ховар»).- 12 октябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ ва Котиби давлатии Вазорати корҳои хориҷии Муғулистон Дамба Ганхуяг нахустин машварати сиёсии ду кишвар баргузор шуданд.
Дар ҷараёни машваратҳо табодули назари судманд роҷеъ ба ҳолат ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, кишоварзӣ, саноатӣ, илмию фарҳангӣ ва консулӣ сурат гирифт. Роҳҳои татбиқи амалии мувофиқатҳое, ки аз натиҷаи музокироти сатҳи олӣ моҳи сентябри соли 2014 дар Душанбе бармеоянд, баррасӣ ва тарҳрезӣ шуданд.
Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати тақвияти ҳамкории судманд дар ҳамаи самтҳое, ки ба тавсеаи минбаъдаи робитаҳои дуҷонибаю бисёрҷониба мусоидат хоҳанд кард, изҳор намуданд.

 

Октябрь 13, 2015 03:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад