Машварати кории муовини Сарвазир бо сохтмончиёни қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон
Душанбе, 02.10.2015. (АМИТ «Ховар»). – Имрӯз муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим барои назорати иҷрои корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи оҳани «Ваҳдат-Ёвон» ба ин мавзеъ сафари корӣ анҷом дод.
Муовини Сарвазир зимни сафар аз рафти корҳои сохтмонӣ дар се нақби сохташаванда, ки дарозии умумиашон 3775 метрро дар бар мегирад, дидан намуд. Муайян гардид, ки ташкили корҳои сохтмонии нақбсозӣ тибқи нақша ба роҳ монда шуда, ҳаҷми корҳои иҷрогардида 41.1%-и корҳои пешбинишударо ташкил менамояд, ки ин нишондиҳанда ба имрўз хуб арзёбӣ мегардад.
Мутаассифона, корҳои анҷомёфтаи бетонрезиву мустаҳкамкунии нақб, ки ба қисмҳои поёнӣ ва корҳои дуюмдараҷаи нақбсозӣ нисбат дода шудаанд, аз 5,8 то 33,7%-ро ташкил карда, дар маҷмўъ қобили қабул буда наметавонад, зеро ин корҳо бе назардошти насби релсҳои роҳи оҳан ба инобат гирифта шудаанд.
Ҳамзамон дар баробари сохтмони нақбҳо, сохтмони пулҳои якум, дуюм ва сеюм низ оғоз гардидаанд ва пулҳои чоруму панҷум бошад, дар ҳолати омодагӣ ба оғози корҳои сохтмонӣ қарор доранд. Дарозии умумии 5 пулҳои сохташаванда 681 метрро ташкил мекунад.
Дар машварати сайёри корие, ки бевосита дар назди нақбҳо бо иштироки масъулини соҳа баргузор гардид, муовини Сарвазир диққати ҳозиринро ба иҷрои ҳатмӣ ва саривақтии супоришҳои протоколии назди Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 августи соли 2015 ҷалб карда, таъкид намуд, ки корҳои сохтмонии ин иншооти стратегӣ зери назорати доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд ва иҷрои пурраи онҳо то сентябри соли 2016 бояд таъмин карда шавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






