«Меҳргон»- иди ҳосилот ва намоиши дастранҷи кишоварзон
Душанбе, 06.10.2015 (АМИТ «Ховар»).-Бахшида ба Рўзи кишоварзӣ ва Иди «Меҳргон» дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 октябр маҷлиси тантанавӣ баргузор мешавад.
Сарчашмаҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки дар радифи ҷашнҳои Наврўз ва Сада Мергон низ таърихи чандҳазорсола дорад. Аз ҷумла, муаллифи «Шоҳнома»-и безавол Абдулқосим Фирдавсӣ пайдоиши ин ҷашнвораро ба замони салтанати Ҷамшеду Фаридун мансуб медонад, вале ба таври мушаххас таҷлили Иди «Меҳргон» аз давраи ҳукмронии Сосониён ба ҳукми анъана даромадааст. Писари шоҳ Шопури Сосонӣ-Ҳурмуз дар ин самт қадамҳои аввалинро гузошт ва бо гузашти замони муайян Меҳргон шукўҳу шаҳомати хосса пайдо намуд, ки дар замони салтанати Сомониён боз ҳам пуршукўҳ ҷашн гирифта мешуд.
Гузаштагони бофарҳангамон 15-уми Меҳрмоҳро рўзи меҳр меномиданд ва одатан ҷашни «Меҳргон» дар ҳамин рўз таҷлил мешуд. Хулоса, «Меҳргон» баробари инкишофи зироаткорӣ ва ҷорӣ гардидани тақвими деҳқонӣ пайдо шуда, иди ҳосилот ва намоиши дастранҷи кишоварзон аст.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






