Мио Нюнт: Мақсади мо ба шахсиятҳои муҳими сиёсӣ табдил додани олимони тоҷик аст

Октябрь 22, 2015 11:35

Душанбе, 22.10.2015 (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз бо ташаббуси  Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДМИТ) ва Лоиҳаи «Дастгирии  самтҳои алоҳидаи  ислоҳот дар соҳаи идоракунии молияи давлатӣ: Лот 1»-и Иттиҳоди Аврупо конфронси илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзӯи «Аз сиёсат ба  таҷрибаи  таҳқиқии нишондиҳандаҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ дар замони муосири иттилоотӣ» баргузор  гашт.
-Баргузории  конфронси  мазкур  боиси тараққиёти бисёр соҳаҳо  дар кишвар шуда метавонад,- иброз дошт Саъдихоҷа Маъдиев,- дотсенти кафедраи суғуртаи ДМИТ имрӯз, 22 октябр дар конфронси мазкур. Ба гуфтаи номбурда истеҳсолот, тақсимот, муомилот ва ташаккули истеъмоли неъматҳои моддӣ дар замони ҳозира  аз нигоҳи муносибатҳо зиддиятҳоеро дар бар мегиранд, ки  торафт шиддатгирии онҳо афзуда, зарурати омӯзиш ва тадқиқоти махсусро   ба миён  меоранд: «Ҳадафи асосии ин конфронс аз он бармеояд, ки дар заминаи таҷриба ва тадқиқоти гузаронидаи мутахассисони ДМИТ дар ҳамоҳангӣ бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо ҳамин гуна масъалаҳое баррасӣ мегарданд, ки бо назардошти  истифода бурдани техника ва технологияи нав қадам ба сӯи моделсозии ҳамин  ҷараёнҳо мебошад»,-афзуд номбурда.
«Мақсади асосии мо ба шахсияти муҳими сиёсӣ табдил додани он олимону муҳаққиқонест, ки  дар оянда бо мо ҳамкорӣ мекунанд, то ки онҳо тавонанд  барои омода кардани сиёсатмадорон  дар  кишвар мусоидат кунанд»,-гуфт Мио Нюнт,-роҳбари Лоиҳаи «Дастгирии  самтҳои алоҳидаи  ислоҳот дар соҳаи идоракунии молияи давлатӣ: Лот 1»-и Иттиҳоди Аврупо, зимни муаррифии Лоиҳаи мазкур.  Мио Нюнт  иттилоъ дод, ки бо мақсади такмили корҳои таҳқиқотии  олимону муҳаққиқони ДМИТ онҳо дар назди донишкада 2 марказ: яке маркази тадқиқотӣ ва дигар маркази омӯзишӣ таъсис додаанд, ки ба воситаи онҳо натиҷаи корҳои илмиву амалии олимон барои устодони факултетҳои ин донишкада дода шуда, ин як воситаи додани дониш миёни устодон мегардад.  
Дар ҳамин ҳол Сергей Дробишевский-директор оид ба корҳои илмии Донишкадаи сиёсати иқтисодии Федератсияи Русия гуфт:  «Иштирок дар чунин конфронс имконияти хуб барои табодули таҷриба буда, муносибатҳои илмиро қавӣ мекунад ва барои  амалишавии барномаҳои муштараки илмии Тоҷикистону Русия мусоидат мекунад». Номбурда гуфт, гарчанде Лоиҳаи «Дастгирии  самтҳои алоҳидаи  ислоҳот дар соҳаи идоракунии молияи давлатӣ: Лот 1»-и Иттиҳоди Аврупо майдони хуб  барои таъсиси  маркази нави тадқиқотӣ ва омодакунии  мутахассисони  сатҳи олӣ мебошад, аммо бо вуҷуди ин дар ин самт бояд ҳамкорӣ бештар шаванд: «Ман фикр мекунам, ки  танҳо бо ин лоиҳа маҳдуд шудан  кифоя набуда, балки зарур аст, ки бо якчанд  маркази дигари тадқиқотӣ  рақобати илмӣ вуҷуд дошта бошад, ҳамчунин бо корҳои илмии дигарон  ошноӣ  пайдо  намуда, онҳоро танқид  намоянд  ва ҳамроҳ роҳи ҳалли масъаларо ёбанд, танҳо дар ҳамин ҳолат ин марказ метавонад мақоми илмии ҷумҳуриявиро дошта бошад»,-гуфт  Сергей Дробишевский.
Ёдовар мешавем, ки яке аз ҳадафҳои  баргузории конфронси илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзӯи «Аз сиёсат ба  таҷрибаи  таҳқиқии нишондиҳандаҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ дар замони муосири иттилоотӣ»-ин муаррифии тадқиқоти илмии олимон ва муҳаққиқон ҳамчун натиҷаи пурсамари ҳамкории бисёртарафаи   байни ДМИТ ва Лоиҳаи аз тарафи намояндагии Иттиҳоди Аврупо  маблағгузоришаванда дар самти  идораи молияи давлатӣ ва омода  намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба бозори меҳнати ҷаҳонӣ аст.  Дар назар аст кори конфронс  пагоҳ,  23 октябр низ идома ёбад.

Октябрь 22, 2015 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
То 4 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад