Молҳои истеҳсоли Покистон дар Душанбе ба намоиш гузошта шуданд
Душанбе, 29.10.2015.(АМИТ «Ховар»).-Беш аз 25 ширкати покистонӣ маҳсулоти худро дар намоишгоҳи байналмилалии истеҳсоли молҳои Покистон, ки имрӯз дар «Кохи Борбад»-и Душанбе оғоз ёфт, ба намоиш гузоштанд.
Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ масъулини Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, Сафорати Покистон дар Душанбе, инчунин соҳибкорону тоҷирони ҳар ду кишвар ширкат доштанд. Манзура Рустамова- муовини раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ, Тариқ Иқбол Сумро-Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳумоюн Парвиз -президенти Палатаи савдо ва саноати шаҳри Равалпиндии Покистон дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ сухан карда, баргузории намоишгоҳи байналмилалии молҳои истеҳсоли Покистонро дар Душанбе қадами муассир дар тавсеаи равобити иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Покистон арзёбӣ карданд.
Бояд зикр кард, ки намоишгоҳ бо ибтикори палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистон ва шаҳри Равалпиндии Покистон созмон дода шуда, ҳадафаш тақвияти ҳамкории иқтисодӣ, ҷалби сармояи Покистон ба рушди иқтисодиёти кишвар ва муаррифии молҳои истеҳсоли Покистон аст. Дар намоишгоҳ ширкатҳои покистонӣ, назири «Homex Paints Pakistan», «Taj Food Pvt Ltd», «Sabro Technologies Pvt. Ltd», «Target Leather Fashion», «A&k Pharmaceuticals», « Forvil Cosmetics», « Pharma Activ», «Herbion International», «National Bank of Pakistan», «Shan Foods», «Brighto Paints Pvt. Ltd» молҳои истеҳсолии худ, ба мисли газвор, атриёт, маҳсулоти чармин, либос, маҳсулоти ғизоӣ, масолеҳи сохтмон, таҷҳизоти тиббӣ, доруворӣ, саноат ва технологияҳои иттилотиро ба намоиш мегузоранд.
Мавриди зикр аст, ки мубодидаи мол байни Тоҷикистону Покистон дар тӯли нӯҳ моҳи соли равон беш аз 50 миллион долларро ташкил дода, 34 миллион доллари он ба воридот ва 15 миллион доллар ба содирот рост меояд. Аз Покистон ба Тоҷикистон асосан масолеҳи сохтмонӣ, маҳсулоти кишоварзӣ ва хӯрокворӣ ворид мешавад.
Ҳамзамон дар доираи намоишгоҳи молҳои истеҳсоли шаҳри Равалпиндӣ дар Душанбе ҳамоиши доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Покистон баргузор мегардад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






