«Моро бубахш, Умаралӣ…» — эътирози ҷиддии мардуми одии рус ба марги тифли панҷмоҳаи тоҷик
Душанбе, 29.10.2015. (АМИТ «Ховар»). — Мардуми оддии таҳҷоии Русия, одамони касбу кори гуногун ба марги тифли 5 -моҳаи тоҷик Умаралӣ Назарзода дар шаҳри Санкт-Петербург вокуниши ҷиддии шахрвандӣ нишон медиҳанд. Баъди расонаӣ шудани ин қазия, дар радифи вокуниши мақомоти расмии Федератсияи Русия, аз қабили Раёсати Президенти Русия, Думаи давлатӣ ва Шӯрои Федератсия, Вазорати корҳои хориҷӣ, Палатаи ҷамъиятии кишвар ҷомеаи шаҳрвандии Русия низ ба такон омад.
Ҳанӯз аз рӯзҳои аввал ба Сафорати Тоҷикистон ва Консулгарии фахрии кишвари мо дар Санкт-Петербург одамони одӣ, сокинони таҳҷоии ин кишвар зангҳои пайдарпайи телефонӣ намуда, изҳори ҳамдардӣ ва ҳамдилии хешро ба хонаводаи ғамзадаи тоҷик дар ин фоҷеа баён медоранд.
Ахиран, дар шафати бинои Сафорати ҶТ дар ФР дар хиёбони Гранатний, 13 шаҳри Маскав ва дар назди бинои Консулгарии фахрии ҶТ дар Санкт-Петербург дастаҳои гул, бозичаҳои тифлона ва варақаҳо бо навиштаҷоти самимӣ, аз қабили «Моро бубахш…», «Моро набахш, Умар. Мо арзанда нестем…» пайдо шудаанд. Ин амалро Сафорати ҶТ дар ФР ҳамчун мавқеи шаҳрвандии сокинони Федератсияи Русия нисбат ба ин фоҷеа, эътирози ҷиддии онҳо бар зидди беаҳамиятӣ, бемасъулиятӣ ва хунукназарии баъзе мақомоти марбута арзёбӣ менамояд. Эҳсос мешавад, ки дар Русия раванди фароҳам омадани ҷомеаи шаҳрвандӣ бо хусусиятҳои хоси башарӣ таҳким меёбад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






