Муҳокимаи масъалаҳои зарурат ва талабот ба кумаки техникӣ дар БМТ

Октябрь 7, 2015 03:49

         Душанбе, 07.10.2015 (АМИТ Ховар).-Муҳокимаи масъалаҳои зарурат ва талабот ба кумаки техникӣ, дастгирии таҳлилии низоми бонкӣ барои дар амал татбиқ намудани барномаҳои ислоҳотӣ 6 октябри соли ҷорӣ дар мулоқоте, ки муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷ.Нуралиев бо ҳайати бахши иқтисодии Бонки ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии мудири Амалияи глобалӣ оид ба макроиқтисодӣ ва идораи фискалӣ дар мамлакатҳои Осиёи марказӣ, Қафқоз, Русия ва Ҳавзаи Қариб хонум Мириа Пигато баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
         Ҷ.Нуралиев аъзои ҳайати намояндагии Бонки ҷаҳониро бо вазъи феълии макроиқтисодии ҷумҳурӣ, буҷети ҷумҳурӣ, таваррум, дастовардҳо дар низоми бонкии кишвар, гузаронидани ислоҳоти сохторӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон ошно намуд. Номбурда изҳор дошт, ки дар тӯли 3-5 соли охир иқтисодиёти Тоҷикистон бо суръати чашмрас пеш рафт, буҷети давлатӣ  чанд маротиба зиёд шуда, сатҳи таваррум дар ҳашт моҳи соли равон ҳамагӣ 3,2 фоизро ташкил дод, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2 банди фоизӣ паст аст. “Албатта, чун дар дигар давлатҳои ҷаҳон бар асари фишори буҳрони молиявию иқтисодӣ дар ҷумҳурии мо, бахусус дар низоми бонкии кишвар баъзе мушкилот ба миён омадаанд ва барои рафъи онҳо моро зарур аст, ки кумаку дастгириҳои техникиро ҷалб намоем”,-зикр намуд Ҷ.Нуралиев.
         Тавре ки аз хадамоти матбуоти БМТ иттилоъ доданд, роҳбари ҳайати намояндагии Бонки ҷаҳонӣ хонум Мириа Пигато изҳор дошт, ки мақсади ташрифи мо ҳам ба Тоҷикистон омӯхтани масъалаю мушкилоти мавҷуда, муайян намудани шартҳои зарурӣ барои пешниҳоди ёрӣ ва ташаккул додани  сиёсати дастгирӣ ва кумаки техникӣ ва бо ин васила таъмин намудани пешрафт дар иқтисодиёт мебошад. Ҳамчунин таъкид гардид, ки ҳамкории муфид ва судманд  метавонанд аз тариқи барномаҳои алоҳидаи Бонки ҷаҳонӣ барои дастгирии буҷети давлатӣ, дастгирии қурби пули миллӣ ва бахши бонкӣ ба роҳ монда шаванд.
Зимни  суҳбат ҷонибҳо иброз доштанд, ки масъалаҳои мушаххас оид ба ҳамкории тарафайн дар мулоқоти минбаъда бо ҳайати навбатии Бонки ҷаҳонӣ мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор хоҳанд гирифт.
 

 

 

Октябрь 7, 2015 03:49

Хабарҳои дигари ин бахш

МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд