Муҳокимаи масъалаи ҷилавгирии хариду фурӯши одамон
Душанбе, 26.10.15. (АМИТ «Ховар»). — Дар ҷараёни мулоқоти намояндагони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Раёсати оид ба масоили сарҳадоти Осиёи Марказӣ (БОМКА), ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, масъалаҳои афзун намудани самараи идораи сарҳадот барои ҷилавгирии хариду фурӯши ғайриқонунии одамон ва маводи мухаддир мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Тавре ки ВКД ҶТ хабар медиҳад, зимни мулоқот ҳамчунин масоили ҷилавгирии рабудани воситаҳои нақлиёт ва сабти гурезаҳо баррасӣ шуданд. Намояндагони БОМКА ҷонибдории худро аз рушди ҳамкорӣ бо ВКД барои расонидани ёрӣ ба роҳандозии семинарҳои таълимӣ ва масоили дигар иброз доштанд.
Қобили зикр аст, ки Барномаи мусоидат ба идораи сарҳадоти Осиёи Марказӣ асосан дидани чораҳоро ба манзури афзун намудани самараи тафтиши сарҳадот барои тиҷорати қонунӣ ва муқовимат ба шаклҳои мухталифи қочоқгарӣ фаро мегирад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






