Муаррифии барномаи «Auto Audit» дар БМТ
Душанбе, 29.10.2015. (АМИТ «Ховар»).- 28 октябр дар Бонки миллии Тоҷикистон таҳти сарпарастии муовини якуми раиси бонк Ҷамолиддин Нуралиев ва иштироки мутахассисони хадамоти аудити дохилии ташкилоти қарзии мамлакат бо намояндагони ширкати «Thomson Reuters» мулоқоти корӣ доир гардид.
Мудири минтақавӣ оид ба рушди фаъолияти филиали ширкати «Thomson Reuters» дар шаҳри Маскав Эдуард Кан ва мудири минтақавӣ оид ба тиҷорати филиали ширкати номбурда дар шаҳри Маскав Сергей Николаев барномаи «Auto Audit»-ро муаррифӣ карданд.
Намояндагони ширкати «Thomson Reuters», ки бо хизматрасониҳо ва маҳсулоти босифати худ дар аксари давлатҳо маълуму машҳуранд, зимни муаррифии фаъолияти ширкат иброз доштанд, ки барномаи «Auto Audit» аз ҳисоби ба роҳ мондани идораи босифату пай дар пай ва шаффофи аудити дохилӣ, ташкили бонизоми кори аудити дохилӣ ва коҳиш додани таъсири омили инсонӣ, баланд кардани фарҳанги хавфи идорӣ ва сатҳи идораи корпоративӣ дар бонк метавонад барои зиёдтар кардани самаранокии кор шароити мусоид фароҳам орад.
Дар ҷараёни вохӯрӣ намояндагони ташкилоти қарзии кишвар ҳамчунин тавонистанд ба саволҳои худ оид ба муҳлат ва истифодаи барномаи мазкур дар дигар давлатҳо, тарафҳои мусбат ва манфии он, то чӣ андоза такмил ёфтани лоиҳаи мазкур дар солҳои охир ҷавобҳои мушаххас гиранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






