Мулоқот бо муҳоҷирони меҳнатие, ки азми сафар ба хориҷа доранд

Октябрь 20, 2015 07:04

Душанбе, 20.10.2015. (АМИТ «Ховар», ). — Муассисаи давлатии навтаъсиси «Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Душанбе вохӯрии навбатиро бо як гурӯҳ муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки азми сафар ба хориҷаро доранд. баргузор намуд. Дар он муовини якуми сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ  Муқим Ниёзов ва директори маркази номбурда Суҳроб Тошев иштирок ва сухан карданд.
Муқим Ниёзов  дар бораи гирифтани патент дар Федератсияи Русия суҳбат намуда,  ба шаҳрвандон маслиҳат дод, то  пеш аз сафар ба Хадамоти муҳоҷират ва Маркази машваратӣ муроҷиат намуда, ҳангоми  сафари корӣ ҳатман патент бояд гирифт.  Муқим Ниёзов таъкид дошт, ки пеш аз гирифтани патент ҳар як муҳоҷир бояд маълумотномаи тиббӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори Федератсияи Русия тасдиқкунандаро дошта бошад. Бояд қайд намуд, ки мақомоти ҳудудии Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия на дертар аз 10 рӯзи корӣ аз рӯзи гирифтани ариза бояд ба шаҳрвандони хориҷӣ патент диҳанд. Муҳлати умумии амали патент бо назардошти тамдид бояд дар муддати се сол пай дар пай давом дода шавад. Бояд фаромӯш накард, ки муҳлати амали патент тамдидгардида хисоб мегардад, агар андоз барои гирифтани патент пардохт гашта бошад. Дар  дигар ҳолатҳо муҳлати амали патент аз рӯзи охирини пардохти андоз барои гирифтани патент қать мегардад.
Директори  муассисаи давлатии Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Душанбе Суҳроб Тошев дар бораи фаъолияти марказ нақл кард. Бино ба гуфтаи С.Тошев ҳадаф аз ташкили ин маркази машваратӣ омода намудани шаҳрвандоне, ки ба кишвари Федератсияи Русия ва дигар давлатҳо барои кор равонаанд, мебошад.
Чанде пеш дар асоси Ёддошти тафоҳум (Меморандум)-и байни мақомоти иҷроияи Ҳокимияти шаҳр Душанбе ва Ҳукумати Санкт-Петербурги Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ аз 7 ноябри соли 2014 аз ҷониби ширкати ваколатдори Ҳукумати Санкт-Петербург ҶДММ МБТ-сервис-и ш. Санкт-Петербурги ФР бо Муассисаи давлатии «Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Душанбе шартнома оид ба ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатии минтақаи Кӯлоб барои кор дар корхонаҳои шаҳри Санкт-Петербург баста шуд. Зимни вохӯриҳо бо аҳолии минтақаи Кӯлоб, ноҳияҳои Восеъ ва Ҳамадонӣ маълумот оид ба  навоварӣ дар қонунгузории Федератсияи Русия дар соҳаи муҳоҷират ва оид ба фаъолият шурӯъ намудани Маркази машваратии бокортаъминкунӣ дар шаҳри Санкт-Петербург ва дар шаҳри Кӯлоб маълумот дода шуд. Дар айни замон ба маркази мазкур зиёда аз 200 сокини минтақаи Кӯлоб муроҷиат намуда, хоҳиши бурдани фаъолияти меҳнатӣ дар шаҳри Санкт-Петербургро  намудаанд. 

 

Октябрь 20, 2015 07:04

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикаи Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад
Дар Бохтар оид ба кам кардани талафоти неруи барқ ҷаласа доир гардид
Ҷалби сармояи Чин ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад
13 август дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ноҳияи Тоҷикобод 20 ҳазору 600 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардид