Мулоқоти А. Абдуллозода бо ҷавонони вилояти Суғд
Душанбе, 21.10.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд мулоқоти Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо ҷавонону донишҷӯён ва наврасони шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Қайроққум ва Б. Ғафуров доир гардид.
Дар мулоқот А. Абдуллозода доир ба татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон, пешгирии зуҳуроти номатлуб, тарбияи ватанпарастии ҷавонон ва баланд бардоштани савияи дониши ҷавонону донишҷӯён сухан гуфт.
Ҳамзамон дар вохӯрӣ Аҳтам Абдуллозода ба мавзӯи тарғиби либоси миллӣ ва пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон дахл намуда, ҷавононро ба ватанпарастию арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ даъват намуд.
Ҷавонон ва иштирокдорони вохӯрӣ вобаста ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, фарҳанги либоспӯшӣ ва муносибати наку бо оила андешаҳояшонро баён карданд.
Ҷавонон ҳамзамон аз дастгириҳои пайваста барои баргузории семинару вохӯриҳо дар маҳал бо иштироки ҷавонони душвортарбия, ройгон ташкил намудани курсҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва дигар ғамхориҳо ёдовар гардиданд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






