Мулоқоти дуҷониба байни соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ
Душанбе, 14.10.2015. (АМИТ «Ховар») .- Бахши сеюми Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2015 таҳти сарварии раиси Бонки миллӣ Ҷамшед Нурмаҳмадзода дар мавзӯи Бозори хизматрасониҳои молиявӣ. Нақши ташкилоти молиявӣ дар рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон ҷараён гирифт. Масъалаҳои асосии баррасишудаи ин бахш ҷалби сармояи хусусӣ ба маҳсулоти нави молиявӣ, диверсификатсияи хизматрасонии молиявӣ, рушди бозори сармоягузории мустақим дар шароити бӯҳронӣ, иштирок аз тариқи ҳиссагузорӣ: роҳҳои баланд бардоштани сармоягузории мустақим ва рушди фондҳои сармоягузорӣ, лизинг барои бизнеси хурду миёнаю суғуртаи хусусӣ ва воситаҳои нави маблағгузорӣ буданд.
Иштирокчиёни Форум мавзӯъҳои марбутаро ҳаматарафа баррасӣ карда, дар муҳокимаи масъалаҳо муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев, директори минтақавӣ барои кишварҳои ИДМ ва Аврупои Корпоратсияи Исломии рушди Бонки Исломии Рушд Самир Тагиев, роҳбари Намояндагии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон Ричард Ҷонс, роҳбари Фонди сармоягузории «Ҳуеҷинг»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Гуо Ҷин Ҷонг, директори ширкати суғуртавии «Бима» Санҷар Ҷабборов, раиси Раёсати БДА Тоҷикистон «Амонатбонк» Ҳакимзода Руҳулло Абдуғанӣ, раиси Раёсати ҶСП «Спитамен бонк» Петр Фабиан сухан гуфтанд.
Дар ҳошияи Форум мулоқоти дуҷониба байни соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ сурат гирифт ва имконият фароҳам оварда шуд, ки соҳибкорон байни ҳамдигар мубодилаи афкор ва таҷриба намоянд.
Дар ҷаласаи алоҳида таваҷҷуҳи асосӣ ба барқарор кардани робитаҳои тиҷоратӣ миёни ширкатҳо, сармоягузорон ва сохторҳои давлатӣ равона гардид. Иштироккунандагон дар ин қисмат барои шиносоӣ ва омўзиши имкониятҳои ҳамкорӣ, шароит, интизориҳои сармоягузорон ва бахшҳои молиявӣ, инчунин сармоягузорӣ ба тиҷорати миллӣ имконияти фарох пайдо намуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






