Мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷӣ бо гурӯҳи соҳибкорони кореягӣ
Душанбе, 16.10.2015 (АМИТ «Ховар»).- 16 октябри соли 2015 мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидӣ бо гурӯҳи соҳибкорони кореягӣ бо роҳбарии Консули фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Янг Ҳи Квон баргузор гардид. Ҳайати мазкур дар шаҳри Душанбе ҷиҳати иштирок дар Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2015 таҳти унвони «Саҳми соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар рушди устувор» дар доираи таҷлили «Рӯзи соҳибкор» қарор дорад.
Ҷонибҳо масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамчунин таваҷҷуҳи муштарак ҷиҳати тавсеаи имконот ва ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисодиёт, тиҷорат ва ҷалби сармоягузорӣ таъйид гардид.
Дар мулоқот ҳамчунин ба гурӯҳи соҳибкорони Корея ҷиҳати расонидани кумаки техникӣ ба хонаи нобиноёни ноҳияи Ҳисор, таҳвили компютерҳо ба Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода ва дастгирии молиявӣ ба хонаи пиронсолони шаҳри Душанбе арзи сипоси ҷониби Тоҷикистон изҳор гардид.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






