Мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷӣ бо кордори Сафорати Туркия
Душанбе, 15.10.2015 (АМИТ «Ховар»).- 14 октябри соли 2015 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ кордори навтаъйини Сафорати Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафир Авни Аксойро ба ҳузур пазируфт.
Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркия ва татбиқи натиҷаҳои машваратҳои байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишварро, ки моҳи июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шуданд, баррасӣ намуданд.
Ҳамчунин дар атрофи тавсеаи заминаи шартномавию ҳуқуқии ҳамкорӣ ва тақвияти фаъолияти комиссияҳои муштараки байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ табодули назар сурат гирифт.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






