Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо мушовири ширкати “Cokey”
Душанбе, 27.10.2015 (АМИТ “Ховар”).- 23 октябри соли 2015 вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Ҳамрохон Зарифӣ бо мушовири ширкати “Cokey” Казуко Мотомура баргузор гашт.
Ширкати мазкур дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, Русия ва Чин якчанд бахшҳо дорад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахши коркарди ибтидоии ширинбия фаъолият дорад (ҶДММ “Аввалин”).
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо дар бораи фаъолияти имрӯза ва нақшаҳои ояндаи ширкати “Cokey” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди ҳамкорӣ мубодилаи афкор намуданд.
Ҳамзамон аз ширкати мазкур хоҳиш шуд, то аз хориҷ кардани маҳсулоти нимтайёр ба коркарди он дар Тоҷикистон бо ифтитоҳи корхонаи коркарди ниҳоии ширинбия машғул шавад ва ҳамкории зичро бо Тоҷикистон роҳандозӣ кунанд.
Хонум Мотомура зикр намуд, ки ширкати онҳо дар ин бора тадбирҳо андешида истодааст, аммо дар ин самт монеаҳо мавҷуд ҳастанд. Ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки барои аз байн бурдани монеаҳои мавҷуда дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон тадбир андешанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






