Муроҷиатномаи ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Парлумони Аврупо

Октябрь 28, 2015 04:02

Душанбе, 28.10.2015. (АМИТ “Ховар”). -Ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Парлумони Аврупо муроҷиатнома қабул кардаанд, ки дар он аз ҷумла, омадааст:
-Мо ҷавонони бонангу номуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Парлумони Аврупо ҳамчун Парлумони демократӣ, дунявӣ ва адолатпарвар эҳтиромона муроҷиат мекунем, ки собиқ раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ҳамчун роҳбари гурӯҳи террористӣ бо аъзои ин гурӯҳ дар моҳи сентябри соли равон даст ба амалҳои террористӣ зада, бо амалҳои хоинонаашон теъдоди зиёди шаҳрвандон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба ҳалокат расонида, боиси ноором гаштани авзои сиёсии Тоҷикистон шуданд.
Бояд зикр намуд, ки аъзои гурӯҳи террористӣ, ки асосан аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон буданд, тӯли якчанд соли охир чунин амали террористӣ-экстремистиро тарҳрезӣ намуда, даст ба куштори ҳомиёни ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот заданд.
Бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҲНИТ  ҳизби террористӣ эълон гардида, роҳбари он ба воситаи «Интерпол» дар кофтукови байналмилалӣ эълон шудааст.
Мо ба Парлумони Аврупо муроҷиат карда гуфтанием, ки чӣ гуна Шумо метавонед нафареро, ки пуштибонӣ аз афроди террористу эстремист намуда, қасди барҳам задани суботу оромии як кишвари демократиро дошт, дар кишварҳои Аврупо ҷой дода, дар минбари яке аз донишгоҳҳои бонуфузи Олмон — Донишгоҳи Ҳейделберг дурӯғу сафсатаҳои ӯро ҳамчун ҳақиқат пиндоштед. 
Мо ба халқи дӯсту бародари Олмон, аз ҷумла бо шаҳри Клагенфурт, ки бо Душанбе бародаршаҳр мебошад, ҳамеша эҳтиром гузошта, таъкид намуданием, ки мардуми тоҷику тоҷикистонӣ ҳамеша хостори сулҳу субот дар кишвар ҳастанд ва онҳо имрӯз аз тамоми ҳуқуқу имтиёзҳои хеш бархурдор буда, намехоҳанд душманони давлату миллати тоҷик бо дурӯғу бӯҳтонҳои худ ва тарғиботи ғаразнок Шуморо гумроҳ намоянд.
Нафаре, ки Ватан, зодгоҳ, диёри аҷдодии худро азиз намедорад ва ба қадри обу хоки он намерасад, дар куҷое кору зиндагӣ намояд, ў мояи хавфу хатар, таҳдид ва ҳама гуна низою кашмакашӣ шуда метавонад. Мақомоти амниятии Олмонро зарур аст, ки ҳар чӣ зудтар аз ин гуна афроди ба ҷомеа хавфнок ҷилавгирӣ намоянд, то онҳо бо ҳадафу мақсади нопоки худ, дар мисоли таъсис додани гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ, носозгорӣ ва ноҷўрӣ эҷод насозанд. Мисли он ки Муҳиддин Кабирӣ сари вақт ва ба таври таъҷилӣ дар муҳлати кўтоҳ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлати Туркия аз ин кишвар ронда шуд.

Октябрь 28, 2015 04:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад