Муроҷиатномаи насли ояндасози Тоҷикистон ба ҳамсолони хеш
Душанбе, 27.10. 2015. (АМИТ «Ховар»). — Созмони чавонони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои ҳамсолони хеш муроҷиатнома қабул кардааст, ки дар он аз ҷумла, омадааст:
Дӯстони азиз, ҳамсолони гиромӣ,
Бо дарки масъулият дар назди миллат ва ҷомеаи кишвар, бо садоқат ба сиёсати созандаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тамоми тадбирҳои хешро бо такя ба неруи ҷавонон тарҳрезӣ намуда, мо ҷавононро ба ҳайси насли ояндасози Тоҷикистони соҳибистиқлол дар сиёсати худ ҳамқадам меҳисобад, аз ҳар кадоми Шумо, ҳамсолони гиромӣ даъват ба миён меорем, ки ба ҳисси баланди ватандӯстиву гиромидошти Ватан, обу хоки кишвари маҳбуб ва ифтихори миллӣ дар ободу зебо гардонидани кишвари азизамон пешсаф ва бо маданияту фарҳанги баланди шаҳрвандӣ намунаи ибрати дигарон бошем.
Ба муроҷиат бо ҳаракатҳои ҷамъиятию сиёсӣ хоҳишманди истифодаи босамару созанда аз неруи ҷавонони бонангу номуси кишвар буда, ҳар гуна иқдому барнома, изҳороту тасмимҳои таҳриккунандаро дар марҳилаҳои ҳассоси давлатсозию бархурди ақидаҳо раво надонем ва онҳоро маҳкум намоем. Дар ҷомеае, ки имрӯз умр ба сар мебарем, бояд ҳамқадами он бошем, мо ҷавононро месазад, ки бо рафтору одоби намунавии худ ба омӯзиши илмҳои муосир рӯ орем, зеро ҷомеаи Тоҷикистон низ аз мо, ҷавонон умеди зиёд дорад. Сарвари давлат низ барои рушд додани ҷаҳонбинӣ ва зиракии сиёсии ҷавонон диққати махсус зоҳир менамояд. Мо, ҷавонон бояд кӯшиш намоем, ки маҳалгаро набошем, қабл аз ҳама рӯҳияи маҳалгароиро аз сарамон дур намоем, кӯшиш кунем, ки ҷавони замони муосир бошем. Аввал илм омӯзем, хонем, баъд ба ҳамватанон ё хориҷиён ва умуман ҳар касе, ки баҳс мекунад, бузургии худамонро нишон диҳем, зеро руҳияи замони имрӯза ин руҳияи инкишофи илм дар сатҳи баланд, инкишофи техника ва муносибатҳои илмиву техникӣ ба зиндагист. Мо насли имрӯзи тоҷик танҳо метавонем тавассути илму дониш, ақлу заковат ва меҳнатдӯстӣ, роҳи дурусти зиндагиро интихоб намуда, сулҳу суботи кишварро нигоҳ дорем ва ояндаи дурахшонро бисозем. Албатта, мо насли ҷавони тоҷик бояд шукргузорӣ аз он кунем, ки имрӯз соҳиби як давлати соҳибистиқлол ва як сарвари дилсӯзу ғамхор ҳастем.
Биёед мову шумо бо донишу меҳнати ҳалол, ақлу заковати хеш ва фарҳанги баланди сиёсӣ ба ҷаҳониён собит созем, ки меросбарони арзанда, оқилу фарҳангофари тоҷик ҳастем.
Созмони ҷавонони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






