Мусобиқаи 9-ум оид ба варзиши бисёрҳарбаи наҷотдиҳандагон
Душанбе, 22.10.2015. (АМИТ «Ховар»).-Раёсати тайёр намудани наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ пеш аз мавсими зимистон мусобиқаи 9-уми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба варзиши бисёрҳарбаи наҷотдиҳандагонро бо ҷалби сохторҳои наҷотдиҳии кумита доир намуд.
Мақсади асосии мусобиқа санҷиши омодагии наҷотдиҳандагон, баланд бардоштани малакаву маҳорати онҳо дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулоддаи табиию техногенӣ маҳсуб мешуд.
Дар мусобика ҳайати шахсии Маркази наҷотдиҳии кумита, дастаи зудамали Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳри Душанбе, ВМКБ, Хатлон ва минтақаи Кулоб қувваозмоӣ намуданд.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ хабар доданд, мусобиқаи мазкур аз рўи 10 унсури наҷотдиҳӣ, аз қабили ғаввосӣ, кўҳнавардӣ, гузаштан аз мавзеъҳои душвори кўлу дарёҳо ва ғайраҳо сурат гирифта, зимни анҷоми он ҷойи якумро дастаи наҷотдиҳии Маркази наҷотдиҳӣ, ҷои дуюмро ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳри Душанбе ва ҷои сеюмро вилояти Хатлон ишғол намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






