Мусодираи қариб як кило ҳашиш дар шаҳри Кӯлоб

Октябрь 28, 2015 04:44

Душанбе, 28.10.2015 (АМИТ “Ховар”).- 27 октябри соли равон аз ҷониби кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб марди 30-солаи сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, ки пеш бо моддаи 335 КҶ ҶТ суд шудааст, бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир гардид. 
Дар вақти кофтукови шахсӣ аз гумонбаршуда 930 грамм маводи нашъадори ҳашиш дарёфт ва мусодира шуд. Нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.

Октябрь 28, 2015 04:44

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд