Нақши китоб чун сарчашмаи дониш ва манбаи маърифат бузург аст
Душанбе, 19.10.2015.(АМИТ «Ховар»).-Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 3000-солагии Ҳисор сокинони ноҳия дорои Кохи фарҳангии хеле зебою замонавӣ гардиданд. Коҳи фарҳанг бо 700 ҷой нишаст бо харҷи қариб 27 миллион сомонӣ маблағҳои ҷумҳуриявӣ дар масоҳати 1, 3 гектар бунёд шудааст. Толори васеъ ва даромадгоҳи кохи фарҳанг бо санъати хоси меъмории кандакорӣ ороиш ёфтааст. Тибқи иттилои Сафаралӣ Бобоев, директори Кохи фарҳанг аллакай дар ин кохи фарҳангӣ чандин чорабиниҳо доир гардиданд, аз ҷумла бахшида ба 3000- солагии Ҳисор рӯзи 17-уми октябр консерти Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Шамсиддин Муҳиддинов баргузор гардид.
Дар арафаи ҷашни 3000-солагӣ дар ноҳияи Ҳисор китобхонаи зебо қомат афрохт. Тавре ки директори китобхонаи марказии ноҳия Савринисо Мӯсоева иброз дошт, хонандагони Ҳисори шодмон чунин китобхонаи замонавиро танҳо орзу мекарданд. Хушбахтона, бо дастгирии Сарвари давлат ин орзуи чандинсолаи мардуми Ҳисор амалӣ гашт. Ҳарчанд ки имрӯз технологияи муосир рӯи кор омадааст, аз ҷумла компютеру маводи электронӣ, вале нақши китоб ҳамчун сарчашмаи дониш ва манбаи илму маърифат бузург боқӣ мемонад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






